Бояд!

Ватанро одиле сардорӣ бояд,
Ба давраш оқилон бисёрӣ бояд.

Барои нафъи халқ бо хасм ӯро,
Агар лозим шавад, ҳамкорӣ бояд.

Ба минбарҳои долони ҳукумат,
Такаллум аз тамаллуқ орӣ бояд.

Гаронӣ мекунад нархи ҳама чиз,
Ба инсоф ҳам муҷаввиз ҷорӣ бояд!

Бурида дасти дузд, дасти сахо пур –
Шиори мардуми бозорӣ бояд.

Ҳама чиз дар мизони қонуну шаръ,
На зӯриву на зар, на зорӣ бояд.

Худо дар гӯши ман гуфто баногаҳ,
Ту мастӣ! Як каме ҳушёрӣ бояд!

© Душанбе, апрел, 2013

4 Responses to Бояд!

  1. Эшонбобо

    Бародар Шухрат агар ичозат бошад шеърхоятонро нусха бардори карда ба дигар бародарони Fариб хам равон карда расонам.Боки Худо хофиз!

  2. Салом бар Шумо! Дар ин кор ба Шумо муваффақият мехоҳам! Ба бародарони ғариб аз номи ман салом гӯед ва расонед, ки мо дуогӯяшон ҳастем. Ташаккур аз таваҷҷӯҳатон.
    Шуҳрат

  3. Эшонбобо

    Иншоаллох,Саломи шуморо ба бародарони мусофиру мухочири ТОJИК мерасонам!

  4. Саломату сарбаланд бошед!