Сангдил, чун бурдӣ дил, девона дил, девона дил,
Танг дил, оҳанг дил, по дар ҷунун, афсона дил.
Бе ҳарорат, бе муҳаббат, бе табу бе дарди ишқ,
Мурда дил, пажмурда дил, озурда дил, вайрона дил.
Хаста дил, вобаста дил, то аз танам вораста дил,
Баста дил, хӯ карда дил бо соғару паймона дил,
Сакта дил, як ҳафта дил дар хуни худ оғушта, дил,
Дар ғамаш ғам хӯрда дил, то гашта мотамхона дил.
Чун қаландар, не, чу кафтар, дар сафар бе болу пар,
Кӯ ба кӯву дар ба дар овора дил, бе хона дил.
Бе хабар дил, дар хатар дил, муштипар дил, бе сипар,
Достони ҷанги Рустам бо писар-«Шаҳнома» дил.
Тоза фаҳмидам, ки эй дил, содадил, дилдода дил,
Бе ту мушкил, пас чӣ ҳосил, кай шавем ҳамхона дил?
© Душанбе, 19.03.2013