♥✰*ღ Дӯст медорам ღ*✰♥

Ошиқона, содиқона дӯст медорам,
Аз таҳи дил, бе баҳона дӯст медорам.

Ишқи ман оғозу анҷоме надорад, лек
Мутмаинам, ҷовидона дӯст медорам!

Қиссаи ман қиссаи Лайливу Маҷнун не,
Дар ҳақиқат бефасона дӯст медорам.

Мӯйи мушкини туро бо панҷаҳои хеш,
Шона карда, дона-дона дӯст медорам.

Чун зи расми Амрикову Аврупо дурам,
Тоҷикам ман, тоҷикона дӯст медорам.

Ман туро дар маҳфили руъёи шеъри худ,
Бо суруду бо тарона дӯст медорам.

Шуҳрат аз ҳарфи хушат илҳом мегирад,
Шоират ман, шоирона дӯст медорам.

 

Comments are closed.