♥ ♥ ♥

 

 

 

 

Ҳар кас, ки дуо гӯяд аз рӯзи ҷазо гӯяд,
Шуҳрат, ки Худо гӯяд аз баҳри шумо гӯяд.

Гӯянд Худо ҳар шаб аз ишқ кушояд лаб,
Бошад, ки туро имшаб дилдодаи мо гӯяд.

Аз чашмаки сабзи чат, як духтараки хушқад,
Ҳар бор, «салом Шуҳрат, ҳоло ту куҷо?» гӯяд.

Дар роҳи ту чашмам чор, бо ҳолати зори зор,
Ё раб, саҳаре он ёр «дарро ту кушо» гӯяд.

Он ёр куҷое ҳаст, дар аҳду вафое ҳаст,
Шуҳрат чу кушояд даст, алҳамду сано гӯяд.

Comments are closed.