♥☼♥ Месӯзад ♥☼♥

Шамъ дар хонаи ман гирякунон месӯзад,
Марги парвона яқин аст, аз он месӯзад.

Торик аст рӯзи висолу шаби ҳиҷрон нагузашт,
Фонуси дидаи ман дар нигарон месӯзад.

Нест ёре, ки бигиряд ба ғами дам ба дамам,
Дили девонаи ман бар дигарон месӯзад.

Хандаат гар ба диле кора накард, боке нест,
Нола кун, нола, ки аз нола ҷаҳон месӯзад.

Дар замоне, ки дурӯғ одати маъмулӣ шуда,
Ҳар кӣ озода сухан кард, ҳамон месӯзад.

Оташи ҷанг чу дар тӯдаи мардум афтод,
Ин яқин аст, ки ҳар пиру ҷавон месӯзад.

Шӯҳрат, ин ҳарфи мурувват ба касе гӯй, туро
Ҷони худ хонда аз дард ба ҷон месӯзад.
© Душанбе, 14.12.2012

2 Responses to ♥☼♥ Месӯзад ♥☼♥

  1. Шерзод

    Бадиккат дидаму гуфтам: чаро он шамъ мегиряд?
    Зи холи ман хабар дорад магар, он шамъ мегиряд.

    Хазорон катраи ашкаш садафвор дар бари руяш,
    Чу борон мефарояд, бекарор он шамъ мегиряд.

    Дар ин шабхо ба гайр аз ман хамин як шамъ бедор аст,
    Рафики мунисам гашт у, ману он шамъ мегряд…
    Аз Шарифчони Учкургонийе Киргизистони

  2. Шеъри хуб! Илхоматон дар чуш бод, Шарифчон! Нависеду нависеду нависед. Комёб бошед!