Панди ройгон

Чун ҷавонӣ ба раҳи пирӣ суҷуде дорад,
Хира шуд чашму дилам сўхта дуде дорад.

Ту ба парҳез зи хоби саҳарӣ кўш, писар,
Ки Худованд дами субҳ пайку дуруде дорад

Фалакат гардиши сахт дод, ба зинҳор маранҷ,
Осмон баҳри сафо ранги кабуде дорад.

Тарси дастнорасии қулла зи сар берун кун,
Кўҳ дар пуштаи худ роҳи фуруде дорад.

То қиёмат ба раҳи ишқ ҷунун натвон буд,
Чунки девонагӣ ҳам ҳаду ҳудуде дорад.

Борҳо дар талаби хонаи мақсуд бикўш,
Ҳар дари баста бидон рамзи вуруде дорад.

4 Responses to Панди ройгон

  1. «Даст бар захми кухнаям назан,
    Дардхои даранг меояд.
    Аз замоне Ки омадам дунё,
    Хама чо буйи чанг мекнад».

    Шухратчони канд аз панди ройгонатон бахра бурдам. Ба дусти шоирам тавастуи телефон низ барояш хондам, кайф кард. Дунё боумед аст мегуянд. Шеъратон умедбахши халли мушкилоти зиндаги аст. Ташаккур! Хулули иди Навруз бароятон табрик, хамеша мисли навбахорон сарсабзу хуррам бошед. Шеърхои зеборо эчод намуда мухлисони шеъру адабро шод гардонед. Миродил

  2. Миродил, аз лутфатон шодам! Хушхолам, ки навиштахоям бароятон писанд омадаанд. Хуш омадед.

  3. эшонбобо

    БАРОДАР ШУХРАТ РАХМАТ БАРОИ FАЗАЛХОИ ОБДОРУ НАМАКИНАТ.МАН ТО ХАНУЗ БАДИ МАРГИ УСТОДИ ЗИНДАЁД ЛОИК,ШЕЪР МЕЧУСТАМУ ШОИР.АКНУН ФИКР МЕКУНАМ,КИ ОНЧИ МЕКОФТАМ ЁФТАМ.ХУДОВАНД КАЛАМИ ШОИРИИ ШУМОРО БУРРО ГАРДОНАД!!!ОМИН.

  4. Хуш омадед. Шодам, ки навиштахои маро хондаеду маъкул кардаед. Маро шармандаи лутфатон мекунед. Ман кучову бузугвор Лоик кучо. Барои дуои некатон аз Худованд мехохам, ки шуморо дар панохи исматаш нигох дорад. Зинда бошед!