Ёрро дилдор ном кардам, гуфт мехоҳӣ бихоҳ.
Бодаи васлаш ба ҷом кардам, гуфт менўшӣ сабоҳ.
Гуфтамаш дар бистари деринтизори васли ту,
Хобро бар худ ҳаром кардам, гуфт меоям пагоҳ.
Бевафо, гуфтам, ба роҳат аз сари шом то саҳар,
Дидаро бар дар мудом кардам, гуфт чашми ту ба роҳ?
Дар хиёбони дарози ошиқон, гуфтам басе,
Дайдугиро бардавом кардам, гуфт ҳоли ту табоҳ.
Аз ҷафоят шикваҳо бурдам ба халқи раҳгузар,
Нола андар тоқи бом кардам, гуфт рўзи ту сиёҳ.
Пой дар ўзангуи сабр доштам, дидам нашуд,
Аспи рашкам белигом кардам, гуфт ҷойи ту сипоҳ.
Гуфтамаш бе қоида, Шўҳрат, зи бозӣ хаста шуд,
Ошиқиро беғиром кардам, гуфт моро чӣ гуноҳ?
20.06.2012