Раво бошад маро дар ҳар бало афкандаат созӣ,
Чу ҳоҷӣ гирди санги қиблагаҳ гардандаат созӣ.
Адои ҳамлаи чашмат, каманди зулфи печонат,
Чӣ мешуд, ки ба банди дасту пойи бандаат созӣ.
Ба уммеди висолат то қиёмат рўза медорам,
Ба лутфи хеш десерти шоми ман як хандаат созӣ.
Савоб аст аз лаби нағзат, ки дашноме ба ширинӣ,
Ҷавоби бериёи ошиқони гандаат созӣ.
Ба маҳфил гар рақибонро ситоиш кардӣ, боре ҳам,
Намешуд, ки маро дар анҷуман шармандаат созӣ?
Ба ёди ояти рўяш намозамро қазо кардам,
Худоё, ман гунаҳкорам, маро ту бандаат созӣ.