Ба ҳамоне, ки ранҷидааст

Боз о, ки умрам меравад, ин тирамаҳ чил мешавад,
Одам, ки аз гил омадаст, охир, ки бар гил мешавад.

Эй, дар зимистони дилам фарвардини зебои ту,
Оӣ, баҳору рўзи нав дар кўву манзил мешавад.

Хун дар дилам гул мекунад аз нам-нами борони ишқ,
Чун мижа бар ҳам мезанам, ашк сурати дил мешавад.

Қаҳру итобат раъду барқ, ашкат чу борони баҳор,
Ошиқ ба сели хандаат афтода, бедил мешавад.

Аз байти абрўят, ки ман ин маъниро дуздидаам,
Лаб во макун, ки ошиқат расвои маҳфил мешавад.

Шўҳрат ҳамин чанд мисраат шоҳбайти ошиқҳо шавад,
Ёрат ғазалхон чун набуд, охир чӣ ҳосил мешавад?

Comments are closed.