Ҳолатам бе чора дидам, шармсорам, ки напурс,
Дардмандам, ханда созам, шармсорам, ки напурс.
Даъвии шаҳри Самарқанд, даъвии тахти Бухоро,
Аз чунин даъвои кам-кам, шармсорам, ки напурс.
Дар ҳамин рўзе, ки бояд дар ғами миллат бигирям,
Аз чунин чашмони бенам, шармсорам, ки напурс.
Дасти худро бўса созу миннати дасте мабар,
Ман чунин дасте надорам, шармсорам, ки напурс.
Дар лаби сад рўду чашма ташнагӣ нашкаста хоҳам,
Аз Мадина оби Замзам, шармсорам, ки напурс.
Шўҳрат ин ҳарфи муаммо пеши душман гў, ки ҳоло,
Аз чунин ёрони беғам, шармсорам, ки напурс.
bisyor oli, in sheri kist?
Ташаккур, шеъри сохиби хамин блог, дустам!