Бо ҳар баҳона рўҳи ман фарёд мекашад,
Чилсолагиям заҳмати ҳафтод мекашад.
Сайди рамида дар чаман бо қаҳру бо итоб,
Теғи нигаҳро ҷониби сайёд мекашад.
Ширин ба Хусрав ҷилваҳои ноз мекунад,
Бори ҷафоро тешаи Фарҳод мекашад.
Қавми падарнадидаи модархатои Ғарб,
Ҷисми Ҳусайнро бар дари Бағдод мекашад.
Шўҳрат ҳамин андешаву кибру ғурури ту,
Ишқи зи раҳ расидаро бар бод мекашад.