Закон джунглей

Дар кишвари шоҳе, ки раъият хаси роҳ аст,
Роҳе ба паси роҳ гузидан натавон ҳеч.

Бе ҳиллаву бе кисаву бе ёри мувофиқ,
Бар мансабу бар ҷоҳ расидан натавон ҳеч.

Қоидаи ҷангал, ки агар ҳукм биронад,
Шерона чу рўбоҳ давидан натавон ҳеч.

Аз растаи имрўзаи бозори ҷавонон,
Нахле чу пари коҳ харидан натавон ҳеч.

Бо ин ҳама даъвои каму мушкили бисёр,
Бар манзили он моҳ расидан натавон ҳеч.

Бастанд даҳону қафаси сина дариданд,
Оҳе зи пайи оҳ кашидан натавон ҳеч.

Comments are closed.