Рўзе, ки чаманро хати паргор кашидам,
Дар ҳасрати гул нолаи бисёр кашидам.
Не гул ба чаман ханда занад, не пайи ёре,
Даст аз фараҳу айш ба ночор кашидам.
Эй мўниси ҷони мани бемор куҷоӣ?
То аз дили ман ҳасрати ғамро бизудоӣ.
Гул дар чаман аз нолаи булбул, ки хазон аст,
Аз бемеҳриву аз сардиву аз ҳаҷр нишон аст,
Дар сина агар дил тападу умр дароз аст,
Бар авҷи сурайё бирасам, қасд ҳамон аст.
Эй мўниси ҷони мани бемор куҷоӣ?
То аз дили ман ҳасрати ғамро бизудоӣ.
Боғе, ки надорад гулу булбул забун бод!
Ҷоме, ки надорад майи гулгун нагун бод!
Ишқ аст, ки қадаҳ пурмайю булбул шуда хушҳол,
Қалбе, ки тапад дур зи муҳаббат ҳама хун бод!
Эй мўниси ҷони мани бемор куҷоӣ?
То аз дили ман ҳасрати ғамро бизудоӣ.