Намонд…

Ҳасрат ба ҷуз зи хўрдани оби равон намонд,
Нафрат дигар зи пешаи ноодамон намонд.

Ҷое, ки рафтаам пушаймонхона аст ҳама,
Хилват ба ҷуз хилватгаҳи ороми ҷон намонд.

Шаъне надорад ин замон як марди боҳунар,
Иззат ба ғайр аз киссаву кори калон намонд.

Ҳар кас расад ба мансабе аз роҳи бардагӣ,
Қудрат дигар ба давлати ришватситон намонд.

Гўянд, ки сар кашидаву лашкар шикастааст,
Исмат кунун ба домани гарданкашон намонд.

Рўзе дарамро во кунӣ хандон, бигўямат:
Шўҳрат дигар дар як қатор бо зиндагон намонд.

Comments are closed.