Хонаро муаттар кун, Зулҷалоли вал-икром,
Шоми мо мунаввар кун, Зулҷалоли вал-икром,
Хотири парешонам, ҷамъу ҷўр намегардад,
Сафҳа-сафҳа дафтар кун, Зулҷалоли вал-икром.
Дуде зи танўри дил, бар дида кашида мил,
Шўъларо ту ахтар кун, Зулҷалоли вал-икром.
Побанди ҳавас будам, даст аз талабам дур шуд,
Дасте ба сари сар кун, Зулҷалоли вал-икром.
То дар дили зори ман, як оҳ намеғунҷад,
Гўши фалакам кар кун, Зулҷалоли вал-икром.
Созандаи шаб бо рўз, моро ту ба ин Наврўз,
Дилдодаи дилбар кун, Зулҷалоли вал-икром.