Муносибати охири Россия бо муҳоҷирони меҳнатии точик вобаста ба қазияи суд шудани лётчики рус диламро аз ин кишвари абарқудрат баякборагӣ сард кард. Рости гап, аз ин пеш ба сиёсати ин кишвар, ба сиёсатмадоронаш, ба мардумаш, ба ҳама чизаш ҳусни таваҷҷўҳ доштам. Ҷойи пинҳон кардан нест, ба дўстонам низ мегуфтам, ки Россия кишвари хубе аст, ки метавон дар он афсонаро дид. Ва инак, дўстонам ба ман аз ҳар гўшае занг задаву пайғом фиристода мегўянд, ки «дидӣ?».
Россия маро дар назди дўстонам шармсор кард ва ман ба як дўстам гуфтам, ки одам хато мекунад ва ман ҳам дар шинохти ин кишвар хато кардам. Аммо дўстам маро дилбардорӣ намуда, гуфт: «Ту хато накарда будӣ!».
Чун дурусттар андеша кардам, дарёфтам, ки гуфтаи ман хато набудааст ва дар ин кишвар афсона ба ҳақиқат мубаддал мешудааст, балки сиёсати ин кишвар аз афсона гузаштаву ба бозии кўдаконае бадал шудааст. Дар ивази як ҷинояткор аз кишвар рондани муҳоҷирон муносибати ду кўдаки бозигарро мемонад, ки яке аз дигаре бар ивази рўбардор накардани кори хонагӣ (маҳз кори хонагие, ки вариантҳои гуногун дорад!) ранҷидаву акнун ҳама қаламу коғази ба орият додаашро бозпас гирифтанист. Намедонад, ки устод бояд фаҳамад, ки варианти кори хонагии ин ду хонанда гуногун буду яке тақаллуб кардааст! Аммо, ку устоди зирак? Канӣ ҳамон омўзгор? Нест! Муаллим ҳатман ба ҳамоне, ки рўбардор кард, баҳои «хуб» мегузорад, зеро ин кўдак ба муаллим ҳам баъзан қаламу коғаз додаву муттаҳам кардааст…
Бобоям мегуфтанд, ки «сари хамро шамшер набуридааст», аммо ман, инак, маротибаи аввал, ба гуфтаи Бобоям шак кардам. Ба ақидаи ман сари хам барои буридан хеле бобу мувофиқ аст!
Дуруст мегуед дустам, сархоро бояд боло бардошт!!
Бе согару май касе чу мо маст мабод!
Сархои баланди точикон паст мабод!