Боз як имкони ситораҳои корвонкуш

Ман аз он, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба даври гурўҳии Мусобиқоти ҷаҳон-2014 роҳ ёфт, хурсанд нашудам. На аз он сабаб, ки масъулин аз ФФТ (ҳеч боварам намеояд, ки дар Федератсияи футболи мо чунин одами зирак бошад) бо роҳи шикоят аз ҳариф (ҳарчанд ҳариф ғиром бозӣ кардааст) ба ин ноил шуданд, балки медонам «ситораҳои» футболи мо «корвонкушанд». Гирифтем, ки мо рўзи 2-юми сентябр дастаи мунтахаби Ўзбекистонро барои вохўрии гурўҳӣ қабул кардем. Савол ба миён меояд, ки дар куҷо? Кадом майдон? Пойтахти Тоҷикистон як варзишгоҳе надорад, ки аққалан ўзбеконро қабул кунад, чӣ расад ба ҷопониҳо, ки талабгори асосии роҳхат аз гурўҳи С ҳастанд. Маҷбурем ба Турсунзода равем, боз ба куҷо ҳам мешуд? Бовар доред, ки масъулини футболи мо ғайрат карда ба Хуҷанд мераванд, то дар майдони нав футболро пешвоз гиранд? Варзишгоҳи нави Хуҷанд сабза, ки яке аз талаботҳои асосии майдони футбол аст, дорад? Ба гуфти Рафиқов ба ҳеҷ танқид намеразад. Ба қабул кардан дар ин ё он майдон бозӣ мегузарад, аммо бо кӣ? Ана ин саволи гиҷкунанда. Як тўда беҳунарони беғайрат боз ба майдон меоянд, ки аслан аз ягон мураббӣ сабақ нагирифтаанд. Футболро ҳамон тўбзании пушти кўчаашон гумон кардаанд. Тарси ман ва аксари мухлисон дар он аст, ки дастаи Тоҷикистон дар бозӣ бо ҳарифоне чун Ўзбекистон, Ҷопон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби шармовар мағлуб мешавад. Аввалӣ дар финали Ҷоми Осиё бозӣ кардааст, дуи дигар иштирокчии даври финалии МҶ-2010 ҳастанд. Футболбозони мо, ки то ин дам мураббӣ  надоштанд (ҳамин навакак маълум шуд, ки сармураббии клуби «Истиқлол» Олимҷон Рафиқов ба ин вазифа таъин шудааст), бояд дар аввали моҳи сентябр вохўрии якумро гузаронанд. Пас, ман чӣ тавр бояд хурсандӣ кунам?
Лекин боз ҳам гумон мекунам, ки мо имконият дорем. Ҳамин имкониятро надоштем, аммо Худованд онро бароямон ато кард, пас ношукрӣ накунем. Ҳеҷ кас аз берун омада ба мо кумак кардан наметавонад. Ба умеди худ бояд шуд. Ва ҳоло умеди ягона ҳамин футболбозони «Истиқлол» ҳастанд, зеро вақт кам асту ташкил кардани як ҳайати наве, ки бояд бо ҳам унс гиранду бозии ҳамдигарро дарк кунанд, кори сангин ва тўлонист. Мо мухлисон аз футболбозон мўъҷиза ва баромадан аз гурўҳро талаб надорем (ҳарчанд ба ин ҳақ дорем), балки мехоҳем, ки бо сарбаландӣ мағлуб шаванд…
PS. Дарвоқеъ, бояд мегуфтам, ки Тоҷикистон бо кадом роҳ ба даври гурўҳӣ роҳ ёфт. Гап дар сари он аст, ки дар ҳайати дастаи миллии Сурия дар бозӣ бо Тоҷикистон футболбоз Ҷорҷ Мурод баромад кард, ки дар гузашта узви дастаи мунтахаби ҷавонони Шведсия буд. Ҷорҷ соли 2005 дар ҳайати дастаи аврупоӣ дар ду бозии расмии рафиқона ба муқобили Кореяи Ҷанубӣ – 1:1 (22 январ) ва Мексика – 0:0 (26 январ) ба майдон баромадааст.
Маълум шудааст, ки дар Конфедартсияи футболи Осиё ягон хел ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, ки Ҷорҷ Мурод иҷозати иваз намудани шаҷрвандиро дошта бошад, мавҷуд нест. Мувофиқи оинномаи FIFA бозигаре, ки як дастаи мунтахабро дар ягон мусобиқаи расмӣ (пурра ва ё қисман) намояндагӣ кардааст, наметавонад, ки дар мусобиқоти байналхалқӣ дар ҳайати дастаи дигар баромад кунад. Ҳамин тавр, FIFA баъди шикояти ФФТ ҳакқи ширкатро аз Сурия гирифт ва ба Тоҷикистон дод.

Comments are closed.