Нафрати ман аз озодихоҳӣ

Агар гўям, ки дилам барои Муаммар Қаззофӣ насўхтааст, дурўғ гуфта бошам. Намедонам чаро, аммо ман аз рафтору кирдору амалу зиндагии охири мардуми Либия нафратам омад. Сахт нафратам омад, ба ҳадде, ки лаънат хондам… ва боз гиребони тавба ба даст гирифтам…
Ман ба озодихоҳии ин мардум сарфаҳм нарафтам. Шояд иллат беиттилоии ман бошад? Шояд ман аз сиёсат дур ҳастам? Шояд.
Гирем, ки ман аз озодихоҳӣ, зиндагӣ ва сиёсати ин мардум хабар надорам, шояд онҳо ҳақ ҳастанд, ки мубориза бурданд, ҳарчанд бо кӣ мубориза бурдану хуни киро рехтанашон гапи зиёду алами дигаре дорад. Акнун Қаззофиро бо сад хорӣ куштанд, аз ин пас чӣ мешавад? Ҳеҷ ҳусне ба ин полковник надорам, маро мурдани ў ғамгин накардааст, балки амали мардуме, ки дар нисбати як инсон раво диданд, ба нафрат кардан водор намуд.
Гирем, ки Қаззофӣ марде бадтиннату ҷаббор буд, барои мардумаш ҳеҷ кори хайре накард, аммо ин одамоне, ки дар муқобили вай мубориза бурданду оқибат ин тавр ваҳшиёна куштанду дар кўчаҳо ҷасадашро таҳқир намуданд ва боз ин нобакории хешро ба тамошои умум гузоштанд, аз ў чӣ фарқе доранд?
Ин ҳама амал подоше дорад, чуноне Қаззофӣ подоши худро гирифт. Шодӣ кардани ин мардум, ки гўё ғалаба кардаанд, зуд аст.
Худованд ҳеҷ халқеро гумроҳ накунад, гумроҳӣ бадтар аз ҳама сифати бадест, ки боиси садҳо амали зишту гуноҳҳо хоҳад шуд. Чунин хурсандиеро, ки дар Либия ҳаст, орзу кардан камоли аҳмақист…

Comments are closed.