Тоҷикистон аъзои UEFA мешавад?

Бо омадани президенти UEFA ба Душанбе футболи тоҷикӣ аврупоӣ хоҳад шуд?

Дар назар аст, ки рўзи 8-уми июн президенти Шўрои ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (UEFA) Мишел Платинӣ ба Душанбе меояд. Баъзе аз расонаҳо дар атрофии ин сафари Платинӣ бар он боваранд, ки футболи Тоҷикистон баъд аз баррасӣ ва муҷаҳҳаз гардонидан ба UEFA мегаравад. Чун як дўстдори футбол хостам ба ин мавзўъ каме рўшанӣ андозам ва инак, он чизе, ки баъди кофтукови интернет ба даст омад:
Ба UEFA дастаҳое низ аъзо ҳастанд, ки аз Аврупо канор афтодаанд, ба мисли ассотсисатсияҳои футболи Озарбойҷон, Арманистон, Исроил, Ҷумҳурии Кипр, Ҷазираҳои Фарер ва ҳамчунин баъзе дастаҳои ҳудуди ин қитъа Ватикан, Шоҳигарии Муттаҳида ва Монако аз он берун мондаанд.
Бояд гуфт, ки баъди пош хўрдани Иттиҳод Шўравӣ, ки футболи он шомили Шўрои ассотсиатсияҳои футболи Аврупо буд ва бозигарони Тоҷикистон низ зери ливои СССР баромад мекарданд, аз ҷониби UEFA аз ҳамаи мамлакатҳои истиқлолёфтаи собиқ шўравӣ даъват карда шуд, то ба ин ташкилот гараванд. Федератсияи футболи Тоҷикистон (аниқтараш Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон), ки дар он солҳо шояд таъсис наёфта буд, аз ин мавзўъ дуртар гузар кард. Яъне, ба ин даъват на танҳо ҷавоби рад дода шуд, балки гумон меравад, ки умуман ба назар гирифта нашуд. Ин даъватро президенти ҳамонвақтаи UEFA Леннарт Юхансон соли 1992 карда буд. Дар қатори Тоҷикистон футболи кишварҳои ҳамсояи Ўзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва ҳатто Қазоқистон, ки ҳоло дар Аврупо бозӣ мекунад, ин даъватро нодида гирифтанд ва ба таври автоматикӣ шомили Конфедератсияи футболи Осиё шуданд.
Баъдтар Қазоқистон ин хатои худро дарк кард ва барои аъзои UEFA шудан ариза пешниҳод намуд. Талаби Қазоқистон ҳаматарафа омўхта шуд, зеро қисми зиёди ҳудуди ин кишвар аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба Осиё дохил мешавад. Ба ҳар сурат, баъди муҳокимаҳои зиёд футболи қазоқ ба Аврупо дохил карда шуд. Дар рафти ин пазироӣ президенти FIFA Йозеф Блаттер ба Қазоқистон омад, то футболи ин кишварро барои аврупоӣ шудан табрик гўяд. Вай дар суханронии худ қайд намуд, ки ҳарчанд қисми зиёди ҳудуди Қазоқистон осиёӣ аст, аммо барои рушди футбол ин талабот сарфи назар карда шуд. «Ман дарк мекунам, ки барои чӣ Қазоқистон ба Аврупо гузашт. Аз ҷиҳати варзишӣ ин кишвар бурд хоҳад кард. Дар мусобиқаҳои Аврупо ширкат кардан мушкил аст, аммо аз ҷониби дигар ин имкон медиҳад, ки сатҳу сифати футболро баландтар бардорем», — гуфт дар суханрониаш Блаттер.
Ба гуфти вай ин гузариш бо ризоияти FIFA, ки ҳамаи ивазкунӣ аз ин ташкилот вобастагӣ дорад, ба амал омадааст. «Аммо, агар фардо, масалан, Ўзбекистон ё Эрон арз кунанд, ки мехоҳанд ба футболи Аврупо шомил шавванд, мантиқан хато хоҳад буд, зеро ҳудуди онҳо аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар Осиё аст. Мо чунин меҳисобем, ки федератсияҳои кишварҳо бояд ба ҳамон конфедератсияе шомил шаванд, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар ҳамон ҳудуданд. То ба Аврупо масофа хеле дур аст. Парвоз аз Португалия то Русия 4 соат вақтро мегирад. Роҳи мо аз Швейсария то Қазоқистон 7 соат буд. Бинед, Русия низ қисми UEFA аст, ҳарчанд сарҳадаш то ба Ҷопон тўл кашидааст. Баъди аз Осиё рафтани Қазоқистон ба КФО Австралия пайваст. Ба он ҷо низ парвоз тўлонӣ хоҳад буд», — гуфт дар идомаи суханаш Блаттер.
Ҷониби Ўзбекистон ин гуфтаҳои ҷаноби Блаттерро ба инобат нагирифтанд ва ё ношунида ангоштанду 21-уми сентябри соли 2008 президенти Федератсияи футболи Ўзбекистон (ФФЎ) Мираброр Усмонов дар назди журналистон бо забони ўзбекӣ суханронӣ намуда, гўё арз кард, ки футболи кишвараш ба UEFA хоҳад пайваст. Чаро гўё гуфтем? Барои он, ки ин мавзўъ дар олами футбол қариб ҳангомаеро ба бор оварда буд ва Усмонов баъдтар аз ин гуфтаҳои худ инкор кард. Дар ҳамин маврид гуфта шуд, ки шояд Усмонов бо забони ўзбекӣ баромад карду хабарнигорон гуфтаҳои ўро хуб нафаҳмиданд. Дар асл бошад, президенти ФФЎ гуфт, ки дар ин бора ба вай саволҳои бешумор доданд ва барои он, ки дубора ба ин мавзўъ барнагардад, вай қайд намудааст, ки ба UEFA ворид шудан кори чанддақиқаина аст, аммо ҳоло ин ба Ўзбекистон зарур нест. «Ба ман чунин савол зиёд медиҳанд. Агар мо хоҳиш дошта бошем дар чанд дақиқа инро амалӣ мекунем, аммо ҳамин чиз оё ба мо зарур аст? Ман фикр мекунам, ки не. Беҳтар аст, ки яке аз дастаҳои пурқуввати Осиё бошем, аз он, ки яке аз дастаҳои сусти Аврупо», — гуфта буд Усмонов.
Дар асл бошад, ҳамон шабу рўз рўзномаҳои ўзбекӣ ва хориҷӣ аз ин хабар пур буданд. Сарлавҳаҳо ҳам умедворкунанда ва хонданӣ буданд, аз қабили «Хуш омадед, ба UEFA», «UEFA истиқбол гир, Ўзбекистон меояд» ва ғайра. Рўзномаҳои хориҷӣ менавистанд, ки ин арзи Ўзбекистон қонеъ карда намешавад, зеро аъзоёни UEFA ҳеч гоҳ ба тарафдории чунин қарор овоз нахоҳанд дод. Ҳеч кадом даста намехоҳад, ки пулу вақт сарф карда, ба роҳи дур барои бозӣ бо дастаи камқуввате равад.
Ҳамин тавр идеяи ба UEFA гаравидани Ўзбекистон амалӣ нашуд ва мисли тўби бесоњибе дар майдони кушод хоб аст, интизори хавбеки зўре аст, то ба Аврупо партобаш кунад ва ё аз ин майдон тамоман берун равад.
Масъали ба UEFA қабул шудани Исроил таърихи дигаре дорад. Кишварҳои минтақаи Осиё барои сиёсати сайҳунистии ин давлат аз бозӣ кардан бо яҳудиён сар тофтанд, он гоҳ FIFA ба хулосае омад, ки Исроилро ба UEFA дохил намояд.
Аз ҳамаи ин хулоса баровардан мумкин аст, ки идеяи ба UEFA пайвастани футболи Тоҷикистон ҳоло амалинашванда аст, зеро фактҳо далели радро медиҳанд. Аммо таҷрибаҳои охир ва як гуфтаи президенти ФФЎ Мираброр Усмонов умедворкунанда аст, ки гуфта буд: «Ба UEFA пайвастан кори чандақиқаина аст».

2 Responses to Тоҷикистон аъзои UEFA мешавад?

  1. Бобо! Футболи Точ,икистон аврупои мешавад. Х,атман! Агар Брозил к,ах,рамони ч,ах,он дар риштаи чавгони руйи ях (хоккей) шавад, он руз футболи точ,ики ба аврупои табдил меёбад

  2. Дўстам Хилватшоҳ! Аз он, ки навиштаҳои маро мехонӣ, хурсанд шудам. Ташаккур! Аммо дар мавриди аврупоӣ шудани футболи тоҷик чанд чизеро, ки гуфтам, орзуе беш набуд. Ба ҳар ҳол кори мешуданист, чунки ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, агар хоре бувад гулдаста гардад. Чанд омиле ҳаст, ки боис мешавад футболи тоҷик аврупоӣ шавад ва ҳам чанд садде ҳаст, ки монеа мешавад. Паллаҳои тарозу баробар нестанд, аммо мешавад, ки аз ҷониби Платинӣ «кўтарасавдо» шаваду футболи тоҷик яклухт ба Аврупо пайвандад…
    Бо умеди дидори Роналду дар варзишгоҳи «Авиатор» Шўҳрат