Се рўзи Соли Нав

Имрўз мувофиқи солшуморие, ки ман аз бобоям омўхта будаму аз кўдакиям дар ёдам мондааст, Соли Нав аст. Бобоям мегуфтанд, ки панҷшанбеи сеюми моҳи март сол нав мешавад. Ман дар ҳайрат намемондам, чун медонистам, ки бобоям дар чунин мавзўъ хато намекунанд ва ин гапашон беасос нест. Аммо барои боз ҳам бештар донистану аз чунин сўҳбат зиёд баҳравар шудан ва умуман ҳисси кунҷковиам боло мегирифту чанд саволи гиҷкунанда медодам, ки чаро чоршанбе неву маҳз панҷшанбе. Бобоям аввал бо таҳаммул ба ҳамааш ҷавоб мегардонданд, чун медиданд, ки маро қонеъ накардаанд, мегуфтанд, бузургон дар ин бора мақоле доранд: «Бе душанбе моҳ нав намешавад, бе панҷшанбе сол». Ва ҳамин аст, ки ман ҳар панҷшанбеи сеюми моҳи мартро чун рўзи Соли Нав медонам.
Инак, имрўз Соли Нав даромад ва ман ҳамаи Шуморо бо ин рўз табрик мегўям. Ин соли нави мардуми бедор, мардуме, ки бо Замин сару кор доранд, мардуме, ки дар дил шўру шавқи шеъру суруд доранд, мардуме, ки эҳёи табиатро ҳис мекунанд, аст.
Дар Панҷрўд, чуноне ман ёд дорам, Соли Навро се рўз ҷашн мегирифтанд, аммо пеш аз он, ки ин идро қайд кунанд, мардум чанд маросими дигареро баргузор менамуданд. Аз ҳама маросими оммавӣ ин Ҷуфти Гов ном дошт. Шояд дарҳол ба зеҳни онҳое, ки бо замин сару кор надоранд, дигар чиз ояд, аммо ман аминам, ки аксар хонандагони ин саҳифа манзур аз ин ибора ҷуфт кардани замин бо воситаи говро фаҳмидаанд. Имсол, чуноне ман хабар ёфтам, ин маросим рўзи ҷумъаи 12-уми март баргузор гардид. Он вобаста аз вазъи ҳаво аслан дар саҳро ва ё дар саҳни масҷид доир мешавад ва мардони деҳ субҳ ҳама ба қадри тавони худ барои марди деҳқон нон меоранд. Пири деҳ ё мулло ба деҳқон барои оғози кишту кор фотеҳа медиҳад ва деҳқони таҷрибадидае бо аввалин огард ба машғулияти деҳқонӣ оғоз мебахшад. Ҳамин қадар аст, ин маросим, аммо муҳим он аст, ки дар имрўз мардон дар як ҷо ҷамъ меоянд, маслиҳату мекунанду аз оғози кор дарак медиҳанд.
Маросими дигаре, ки оммавӣ набуда, дар доираи оила (хешу табор, авлод) баргузор мешавад, Оби Раҳмат ном дорад. Ин маросимро дар ҳар рўзи баъди Ҷуфти Гов то Соли Нав доир кардан мумкин аст, ин ба салоҳдиди аъзои оила, аниқтараш кадбонуи хона, вобаста аст. Зани хонандон аз гандум, наск, лўбиё, нахўд ва дигар зироатҳои донагӣ хўрок тайёр мекунад, ки Оби Раҳмат ном дорад. Ин хўрок аз субҳ то шом омода мегардад ва баъд ба ҳамаи аъзои оила, ҳамсояҳо, хешу табор ва наздикон тақсим карда мешавад. Хўрдани Оби Раҳмат файз дорад, мегуфтанд бибиям. Ба қавли он кас, ҳар касе Соли Навро бо Оби Раҳмат пешвоз гирифт, тамоми сол зери дандонаш пур аз дона хоҳад буд. Ҳоло ин маросим дар кам хонадон риоя мешавад ва дур нест, ки аз байн равад.
Пас аз ҳамаи ин дар рўзи панҷшанбе Соли Нав меояд. Дар ин рўз ҳама хурду калон ба тан ҷомаи нав мепўшанд, мисли табиат, ки қабои тоза ба бар кардааст. Ҷашнгирии Соли Нав дар Панҷрўд аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон фарқи зиёде надорад. Дар солҳои пеш ба назари ман ин Ид шаҳомат дошт, аммо дар чанд соли охире, ки шоҳид будам, мардум онро ба тарзе, ки дар кўдакии мо буд, ҷашн намегиранд. Шояд сабаби аслӣ камбудии маишати зиндагиашон бошад, ё шояд замона дигар шудаасту мо ҳанўзам дар қолаби кўҳна мондаем?
Ба ҳар ҳол дар ин сол умед дорам, ки ин иди суннатиро мардуми мо чун пештара се рўз бо хушиву сурур ҷашн гиранд. Ба ҳамаатон ин се рўзи аввали зиндагии навро таҳният мегўям. Ин рўзҳоро ба хушӣ гузаронед, то имсолро ба хушӣ гузаронида бошед!  Худованде, ки табиатро офарид, моро то ба хушиҳои нав расонад!

Comments are closed.