Боз як даъвои дигар дорам, аммо ин дафъа на аз ҳукумат, балки аз ширкати мобилӣ, ки барои мо хизмат мекунад ва кори моро осон мегардонад. Шояд гўед, ки ман даъвогари гузаро будаам, ки вақтҳои охир фақат ба чунин амал даст мезанам, аммо иқрор бояд шавам, ки ман ин даъворо бояд чанд рўз пеш мекардам, фақат ба хотири он, ки маро нодуруст нафаҳманд, аз он худдорӣ мекардам. Баъд, ин даъво нест, балки ҳимоя аз ҳуқуқҳои хеш аст.
Гап дар сари он аст, ки дар таърихи 03.02.2011 соати 03.21-и шаб занги пайғоми телефони мобилиам маро аз хоб бедор кард. Чун аслан касе дар чунин бевақтӣ ба ман пайғом намефиристод, дар ҳайрат мондам ва номарасонро рўшан кардам. Дар он пайғом аз ширкати мобилии Babilon намудор шуд. Як назар андохтаму ба мўҳтавояш диққат надода, дубора азми хоб кардам. Чун хеле монда шуда будаму боз саҳар бояд барвақттар ба кор мерафтам, мехостам, ки шаб бофароғат истироҳат кунам. Аммо нашуд, занги дубораи пайғомрасон бо ларзиши гўшхарош хобро аз сарам гурезонд. Ин маротиба ҳам пайғом аз Babilon-M буд. Ҳамон матн, аммо бо забони русӣ. Ростӣ, зери лаб дашном ҳам кардам, аммо чӣ фоида, ки аллакай хобро аз ман рабуда буданд. Акнун хостам, ки пайғомҳоро хубтар хонам. Матнро рўшан кардам, навишта шуда буд: Mushtari muhtaram! Binobar jori shudani andozi aksizi az 11.02.2011 arzishi khizmatrasonihoi Babilon-M 3% bardoshta meshavand. Mufassal dar www.babbilon-m.tj (айнан оварда шудааст).
Акнун на танҳо хоб маро тарк карда буд, балки асабонӣ ҳам шуда будам. Якум ин, ки ширкати мобилии мўҳтарами беадаб, мешуд, ки ҳамин пайғоми аблаҳонаи гўшхарошу «дилнавоз»-ро субҳ ирсол мекардӣ. Ин он қадар пайғоми махусу фаврие нест, ки шабона ба ман фиристӣ ва маро аз хоб маҳрум кунӣ! Ё гумон мекунӣ, ки мо танҳо шабона ба пайғомҳо аҳамият медиҳем? Ин ҳам мисли ҷамъкунандаи пули хизмати коммуналӣ аст, ки шабона ва боз рўзи истироҳат пайдо мешавад. Мепурсӣ, ки барои чӣ дар дигар рўз ба барвақтӣ наомадӣ, ҷавоб медиҳад, ки дар рўз соҳибони хонаҳоро пайдо кардан муҳол аст. Ҳамин пайғомфирист ҳам фирк кардааст, ки мо фақат шабона ба зангу пайғомҳои телефонҳоямон аҳамият медиҳем, ки онро маҳз дар соати 3.21 фиристодааст.
Дуюм ин, ки ин пайғом аслан бемаврид ва аз доираи шартномаи байни мову ширкат берун аст. Ман дар ҳеч кадом як шартнома имзо накардаму розигӣ надодам, ки дар сурати баланд шудани андози аксизӣ 3% зиёдтар ҳаққи хизматрасонӣ пардохт хоҳам кард. Ин мушкилии Babilon-M аст ва бигузор аз сарчашмаҳои дигари молӣ истифода кунаду хароҷоташро рўйпўш кунад, на аз ҳисоби ман! Мушкилии ҳар кас барои худаш аст ва онро ҳар кас бояд худаш ҳал кунад. Барои мисол, агар ман дар ин моҳ дўсти наве пайдо кунам, ё умуман касе пайдо шавад, ки дар ин моҳ ба ман занг занаду ман ба ў ҷавоб диҳам, маълум аст, ки хароҷоти он аз ҷайби ман мешавад, на аз ҳисоби Babilon-M. Ширкат ягон вақт намегўяд, ки ана ин муштарии ман ин моҳ зангҳои бисёр зад, 180 дақиқаашро 280 кунем, то ба гуфтугўяш бемалол расад. Ин мушкилии ман ва ман бояд роҳи ҳалли онро пайдо кунам. Ҳама гуна болорваии хизматрасонӣ ин мушкилии ширкат аст, на аз муштарӣ. Дар ҳама ҷои дунё ширкатҳо ба он мекўшанд, ки ба муштариёнашон ҳарчӣ бештар сабукӣ ва хизматрасонии бароҳат пешниҳод кунанд, на ин ки дар соати 3-и шаб пайғом фиристанду аз хоб маҳрум кунанд ва ба болои ин ба ҳамёнатон ҳам чашм песонанд.
Дар Тоҷикистони мо ягон додгоҳи додрас нест, то ман ин даъвоямро пешаш барам, пас маҷбўрам, ки 3%-и зиёди ҳаққи хизматрасонии ширкати Babilon-M-ро пардохт кунам, зеро бе телефони мобилӣ мушкил аст.
Марҳамат, ба ҷайби мо, Babilon-M, ҷайби мо ин ҳисоби бонкии шумост, ҷайби мо ин хазинаи беохири адонашавандаи шумост, ҷайби мо ин «чўбаки сандалвор»-и шумост! Пас, бемалол дастатонро ҳар вақте хоҳед чуқуртар ба он халонед! Аммо эҳтиёт кунед, ки як рўз сўрох нашаваду дар кафатон пораи гўшти сахте набинед!
Фикр накунам, ки инчо касеро гунагор донистан шавад.
Чун урфан дар муносибат бо муштариён (аниктараш хамдигар) мо точикон дагалем. Хамдигарро лоики эхтиром намедонем.
— Mushtari muhtaram! Binobar jori shudani andozi aksizi az 11.02.2011 arzishi khizmatrasonihoi Babilon-M 3% bardoshta meshavand. Mufassal dar http://www.babbilon-m.tj
Шарх:
Нодона ёбию нахои, ба гунохаш дар мемони!!!
Хо, бале, лекин хоидан хам хад доштагист, дар нисфи шаб хабар диханд, ки фалон руз мо туро мехоем, инаш аламовартар нест?
Хамин мо ба хама гап зуд чавоб меёбем, ки мо точикем, ин точики аст, менталитет чунин аст, о то кай чунин бояд давом кунад?
Равам дар пахлуи он пари ру мирам…
Имон дар дил тасдик мешавад. Мо ба худамон бояд икрор шавем, ки чи хастем, то тавонем ислох шавем. Ислох чизи бударо кунанд.
Хеч навиштаи Шуморо хонда бидуни ханда наметонам, ба поён бирасонам, акалан як табассум мекунам!