Саргузашти Тангем

tangem1Вазъи нақлиёти пойтахт дар ин чанд рўзи охир, ки донишҷўён ба мактабҳо баргаштанд, хеле бад шудааст. Дирўз ба Тангеме нишастам. Баъди фурсате ронанда сари мошинро ба қафо тоб дод ва аз байни кўчаву паскўчаҳо гузашта, ба қавли худаш «коркунони литсензияро гўл зад». Баъди поён шудан аз мошин ба хотирам як навиштаам омад, ки тахминан 4 моҳ пештар иншо ва дар «Боргоҳи сухан» нашр шуда буд. Зарур донистам, ки онро пешниҳоди шумо хонандагон гардонам. Агар писанд омад, хушам.

Маро, ки хурдтарку дўстдоштаниам, мисли худам хурдтаракон, вале на онқадар дўстдоштаниҳо, фикр карда бароварданд. Намедонам, барои кӣ, аммо медонам, ки барои сарсониву саргардониҳои худам. Рўзе, ки маро дар хўлаи оҳангудозӣ мепухтанду дар зери сўҳон нарму суфтаам мекардаанд, намедонистам, ки ин қадар тақдири бад насибам мешавад. Чашм кушода аввалин касеро, ки дидам бо чашмони тангу нимроғ ба сўям механдид, шояд дар фикри он буд, ки тақдири маро ба дасти касе дода, ҳаёнаш пур мешавад. Ман аз вай ҳеҷ гумони баде надоштам. Ўро хўҷаини худ меҳисобидам, ҳамин ки по ба сари газам фишурд, фиғонам ба осмон расид. Як мушт ба зангўлаи чамбаракам заду нафаси хушнудона кашида, дари бедастаамро ба рўям шапид. Маро дар як саф бо дигар хоҳаронам, ки Чанху ва Хайфа ном доштанд, гузошту қафоямро бо кафи равғаниаш дастмол кард. Ба баданам рашъа давид. Дилам аз хўҷаин дур рафт…

Шубҳаам беҳуда набудааст. Андаке пас маро бо дигар хоҳаронам ба хориҷа фурўхтанд. Чанд роҳи дарози нишебу фарозро гоҳ савовару гоҳ пиёда паси сар карда, оқибат ба шаҳре расидем, ки одамонаш аз диданамон хушнудӣ карда, каф ба каф мезаданду «Тангем» мегуфтанд. Аз лафзашон ба ҷуз «Тангем»-у «китай» дигар чизе ошно набуд. Аз хўҷаин ба симову ҷуссаву рафтору гуфтор ба куллӣ фарқ мекарданд, аммо онҳо низ ба сари газам сахт по мефишурданду ба сари зунгўлаам вақту новақт мушт мекўфтанду завқ мекарданд. Тақдири бад ҳамин будааст, меандешидам ба худ. Намедонистам, ки дар пеш чӣ рўзҳои сиёҳу гурезогурезу лаънатшунавиҳо маро интизоранд.

Бегоҳии ҳамон рўз маро ба ҷое бурданд, ки садҳо мисли ман аз ҷинсҳои гуногун аз ҳар мамлакат, бо низом набошад ҳам, саф кашида буданд. Саг соҳибашро намеёбад, куҷо бошад ин ҷо? На дар дораду на дарвоза, лекин шамолпаноҳ. Аз як кўчаи калон ба ин ҷо сарамро тоб доданд ва баъди нишебиеро фуроварда, дар қатори хоҳаронам, ки шояд чанд рўз пеш аз ман «асир» афтода буданд, ҷойгир карданд. Шабро дар ҳамон ҷо бо яке аз ин хўҷаинҳои нав рўз кардам. Вай нисфишаб хеста моторамро ба кор даровард. Ба худ гуфтам, корро бало зад, дар ин нисфишаб ба куҷо мерафта бошад? Дузд-пузд набошад? Гумонам хато баромад. Маълум шуд, ки вай хунук хўрдаасту бо ин роҳ тани ларзонашро гарм кардан хостааст. Акнун ғанаб карданӣ будам, ки дарамро кўфтанд. Атроф равшан мешуд, субҳ дамидааст! Чанд касе дар гирду атрофам гашту гузор карданд, гўё маро хариданӣ бошанд. Чанд ҳарфе радду бадал карданду ба ламс карданӣ ҳамсоя пардохтанд. Боз дигарон омаданду рафтанд, омаданду диданду рафтанд. Ду нафари дигар хўҷаинро ба дарун хонданду ба дасташ як коғаз бо акси Франклинро доданд. Маро аз ҳамон роҳе, ки даромада будам, аз ин маҳшаргоҳи бесоҳиб бароварданду ба ҷое бурданд, ки кўдакон қивучивкунон пешвозам гирифтанд. «Арўс набошам, артист набошам, масхарабоз ҳам нестам, инҳо чаро ин қадар мухлисӣ мекунанд», – меандешидам ба худ. Баъдтар фаҳмидам, ки ман на танҳо арўсу артисту масхарабозам, балки падару модару шавҳару ҳатто маъшуқаашон низ будаам!

Рўзи дигар ба сари чамбаракам як бачаи фисини ношуди ҳанўз «р»-ро «й» талаффуз мекарда, нишасту муйватйо тоб дод. Оҳ, хўҷаини чирки пули муфт пеши чашматро гирифта, маро ба дасти чӣ касе додӣ?! Чӣ гуноҳе доштам, ки куни ин бачаи ношудро дар болои курсии хурдакакам бояд таҳаммул кунам? Боз вақти ҳаракат дар ҳавои мусиқие, ки тамоми аъзои баданамро ба ларза меорад, қафояшро бардошта мезанад, ин сўву он сў алвонҷ мехурад. Гоҳҳо чамбаракро сар медиҳад, қариб роҳамро гум мекунам, аммо бо шаст ду поро ба сарам мекўбаду аз ҳаракат бозмедорад. Сарашро аз тирезаам бароварда аз паси ягона троллейбуси шаҳр, ки тухми анқо шудааст, пешро диданӣ мешавад. Не, нашуд, боз мушт ба сари чамбаракам мезанаду фисашро бо остинаш пок карда, бо лафзи худаш ким-чиҳо мегўяд. Аз афташ асабӣ шудааст. Тавба, кўдаки дина аз гаҳвора хеста, аллакай аз асабоният азоб мекашад. Ба сараш кадом фикре меояду дар пешониам навиштаеро насб мекунад ва барои он, ки коғазаш ба пушт наафтад, чўберо ба пушти шишаи тирезаи пешам мехалад. Оҳ, чӣ қадар дарднок! «Мефурўшам» навишта шуда бошад?», – меандешам ба худ. Наход боз маро фурўшанд? Не. Дар назди роҳи зеризаминӣ, ки аслан дар ин ҷо истодани ман аз рўи одоб нест, моторро хомўш карду бо овози баланд ҷониби роҳгузарон нидо сар дод. Ду духтари миёнақад аз дари кушодаи қафо савор шуданду курсии охирро банд карданд. Як марди тануманд ба паҳлўи бачаи фисин нишаст. «Эҳ, амакӣ, аъзои баданамро қирсос занондӣ, намешуд, ки ту ҳам дар қафо менишастӣ. Охир ту зеби бо ин ношуд дар як курсӣ нишастанро надорӣ, ҷойи ту паҳлўи духтаракон», – гуфтанӣ будам, аммо худатон медонед-ку, забони маро намефаҳманд, аз ин рў оҳе кашидаму ба тақдир тан додам. Як зан бо ду кўдакаш ҳам нишаст, мўйсафеде борхалтаашро дар оғўш кашида дар паҳлўи духтарон ҷой гирифт. 7 нафар. Ҳарчанд аз вазни амакӣ як тарафам майл ба сўи замин дошт, аммо шукр карда, бо фармони бачаи ношуд ба роҳ баромадам. Нав суръатамро баланд карданӣ будам, ки ба сарам по кўфт. Э, не, чароғаки роҳ сурх нашуда буд, балки ин фисин боз касеро савор карданист. «Аз меъёр зиёд шуд-ку», – гуфтанӣ будам, ки гарданаки мисли гардани ўрдак борикашро ба қафо ёзонда ба занак чизе гуфт. Мазмун гуфт, ки ба ин марди саросема ҷо диҳед, чун зан кўдакашро ба оғўшаш гирифту курсии пеши дарро озод кард. Мардаки нав саворшуда дастаамро наёфт, ки бо ханҷолаш аз сутуни паҳлўи тиреза кашида, дарро баст. Пай бурдам, ки маро чун мусофирбар дар ин шаҳре, ки одамонаш доимо ба куҷое шитоб доранд, истифода бурданӣ ҳастанд.

Сар шуд даводаву гурезогурезу борик шуда аз байни дигар мошинҳо гузаштан. Фисин гоҳ маро ба хати сеюми ҳаракат мегузаронду баъди андаке якбора ҷилавамро ба канори роҳ мекашид. Боре чобукӣ карда маро ба пиёдагузар ҳам баровард, ки қариб буд ба даруни ҷўйбор афтам. Ҳеҷ вақт то сабз шудани чароғаки роҳ мунтазир намешуд. Аз ҷои ист ба гуфти худаш «кокс» (ин термину дигар лафзи ўро баъдтар ман аз худ кардам) медод. Хати ҳаракат муайян набуд, гоҳо аз як канори шаҳр ба дигараш мерафтаму гоҳи дигар дар нимароҳ мусофиронро фуроварда боз ба қафо бармегаштам. Дар дохили ман чӣ ҳодисаҳое рўй намедод. Аз ҳама аҷибаш вақте мусофири аз қафо дар пушти ронанда нишаста фуромаданӣ мешуд, рух медод. Каси дар паҳлўи вай нишастаро ман аз худам ҳам бе тақдитар медонистам. Боз агар он мусофири мефуромада тануманд бошад-ку, саҳнаи аҷибе мешавад. Рўзҳои аввал бачаи ношуд дари қафои худашро иҷозати кушодан медод. Баъд ба гумонам ҳамонҳое, ки дар роҳ асочаҳои ало дар даст ва ҳушток дар даҳон доранд, гўштобаш доданд, ки дастаамро канда танамро нозебо кард. Аз ҳамин дарроҳмеистодаҳо ҳам дилам мондаст. Як бор намегўянд, ки бачаи ношуд, туро кӣ иҷозат дод, ки ба сари чамбараки ин гулбадан нишинӣ. Не, чизе раду бадал мекунанду аҷиб, ки вақти ҷудо шудан ба ҳамдигар даст дода салом медиҳанд.

Гурезогурез ҳақиқӣ баъди чанд моҳ сар шуд. Акнун ба касе вақти хайрухуш ҳам даст дода салом намекард бача, балки чун онҳоро медид, навиштаро аз пешониам меканду роҳро чапғалат мегирифт. Маълум шуд, ки «сайёҳати» моро дар кўчаҳои марказии ин шаҳр, ки Худоро шукр он қадар арзу тўли калон надорад, манъ кардаанд. Охир сафи мо зиёд шуда буд, ба дигар мошинҳо имкони озодона ҳаракат карданро намедодем. Гуреза шудам. Дар куҷоҳое набудам, аммо ҳеҷ кас ба мо паногоҳи сиёсӣ надод. Тамоми кўчаҳои шаҳрро гаштам. Роҳҳояш ноҳамвор ки буд, аъзои баданам ба дард омад, ба ҳолам нигоҳ кардан намешуд.

Ҳамин тавр рўз мегузарондем. Дигар ба кўчаҳои марказӣ намерафтем, аз ин рў гурезогурез кам буд. Акнун баъзан дар навбат ҳам меистодем. Нозирон ҳам дигар кам аз пеши ҳаракатамон баромада моро ба канор мекашиданду бо бачаҳак салом мекарданд. Лекин як саҳар чанд нафар пеши роҳамро гирифтанду бачаи фисинро бо худ бурданд ва мусофиронро маҳтал карданд. Як нафар мусофири воқиф гуфт, ки бачаи беақл тасмаи муҳофизро набастааст, акнун бояд ҷарима супорад. Намедонистам аз шунидани ин хабар хандам, ё гирям. Охир, тасмаи муҳофиз аллакай нақши такягоҳро иҷро мекард. Пуштаки курсии ронанда аз бардорузану кашокаш шалақ шуда, чун пири афтода ба пушт зада буд, аз ин рў бача ихтироъкорӣ карда, бо тасма онро баста монда буд. Ин сабаб шуду ношуд як рўзи дигар маро ба пеши усто бурд. Ҳай, устои боҳунар будаст. Чўбу оҳану симу банд карда курсиро соз карду тасмаро аз ин вазифаи пурмасъулият озод сохт. Як ҳафта ҳам давом накард, тасмабандии бача.

Эҳ, аз кадом як ранҷу азоб гўям?! Гурусна намонам ҳам, маҷбўрам, ки ҳар чизе бача ба «ҷиғилдонам» резад, хоҳ 92, хоҳ 76, чашм пўшида, фурў барам. Равғанамро охирон бор кай иваз карда буд, дар ёд надорам. Рўзҳои аввал зуд-зуд шуста тозаам мекард, баъд ин кор аз ёдаш баромад. Як рўз як бачаи мисли худаш ношуд, сарашро бароварда аз тиреза нос туф кард, ки чакраҳояш як ҳафта дар танам доғ гузошт. Ҳамсафонам зуд-зуд ба садама дучор мешуданд, Худо мегуфтам, ки чунин рўзи бадро нишон надиҳад, аммо боз меандешидам, ки шояд бо ҳамин баҳона аз ин дардисар халос шавам.

Як бегоҳии зимистон бача сахт газро фишурд, хост аз ҳамсоли дигараш, ки дар сари фармони хоҳарам Чанху буд, пеш гузарад. Дар гардиш аз ўҳдаи идора карданам набаромад. Ман ҳам ҳарчанд хостам худро ба даст гирам, аммо бача аз осемасарӣ поро аз сари газ намегирифт. Рост ба паҳлўи боркаши тарафи муқобил рафтам. Хайрият вай мардаки соҳиби боркаш таҷрибадор будааст, вагарна аз ман оҳанпора мемонду аз бачаву мусофирон ёди хайр. Андаке паҳлўи тарафи ронандаро харошида гузашт. Бачаи ношуд, ба ҷойи он, ки аз ронандаи боркаш маъзарат хоҳаду ба зинда монадаш шукр кунад, фиғон бардошта, чанд ҳақорати дастибиринҷӣ ба кузови боркаш бор кард. Маро бурду як рангро ба паҳлўям «фисс» карду боз зин зада савор шуд.

Ин рўзҳо ҳам рўзи хуш надорам. Мегўяд, маро як илоҷ карда бояд дафъ кунад. Акнун бекора шудем? То дирўз ба ман зор будӣ, ҳоло мехоҳӣ чун хари пиру нотавон аз дар берун кунӣ? Кош ҳамин тавр мекард, дар ягон кунҷ занг зада, рўзҳои боқимондаи умрамро чун катаки мурғ мегузарондам, аммо ин ношуд маро фурўхтанист. Охир, дигар дар кўчаҳои ин шаҳр ҳаракати моро манъ карданд. Мо ба талаботи мусофирбарӣ ҷавобгў набудаем. Бояд ба беруни шаҳр мебаромадаем. Беруни шаҳраш куҷо бошад? Мабодо тарафи Варзоб не? О, он ҷо бепул рафтан намешавад-ку! Роҳро ҳамқишлоқиҳои хўҷаини аввалаам мумфарш карданду аз мамлакати он сў мутахассисон омада, низом ҷорӣ карданд, ки бояд пул дода аз ғавчўб гузашт. Ин хабарро радиои худам хабар дод. Бача радиоро баланд кард, аммо чизе нафаҳмид, ки аз мусофири паҳлўяш мўҳтавои хабар пурсид. Чун фаҳмид, ба ҳафт пушти киҳое ҳақорат нафиристод. Гўшҳоям қуфл заданд. То ҳол дашномҳояш дар гўшам садо медиҳанд. Агар маро мегуфт, ман фиси дамамро сар медодаму дигар як қадам ҳам намемондам, аммо ин одамон худро ба нофаҳмӣ мезананд.

Ҳамин хел умру рўз газаронида гаштам, намедонам ояндаам чӣ мешавад, чӣ маро интизор аст. Агар хулоса карда ба ҷониби деҳа ронадам, як бало карда аз ягон баландӣ худро ба зер меафканам, то ҳолу аҳволи ин мардумро дигар набинаму насўзам.

Comments are closed.