Дилам аз ман ҷудо инҷост

Ҳушамро бурдаӣ, аммо дилам аз ман ҷудо инҷост.
Ҷафо овардаӣ, аммо сафо ин ҷо, вафо инҷост.

«Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо»*,
Танини нолаҳо ин ҷо, Сарахбори Наво инҷост.

Ман аз деҳи ғазалҳоям, ту аз шаҳри ғизолонӣ,
Бале, ман нек медонам, куҷо он ҷо, куҷо инҷост.

Ҷаҳон бар рӯйи ман хандад ба лабхандат намеарзад,
Сукути лаҳзаҳо бо ту, вале сабри Худо инҷост.

Диламро бурдию акнун сарам аз тан ҷудо инҷост,
Миёни хоку хун ғалтон ту гӯӣ Карбало инҷост.

Биё, бардор таҳримҳо зи рӯйи лутфу эҳсонат,
Агарчӣ Тоҷикистон аст, фазои Амрико инҷост…
© Душанбе. 30.11.2014
________________
* Аз Ҳофиз

Comments are closed.