Азм кардам, ки фаромӯшат кунам.
Ҳалқаи озодӣ дар гӯшат кунам,
Пеш о, эй дури дури дури ман,
Бори охир сахт оғӯшат кунам…
Баъд аз ин дар кӯчаҳои ёди ман,
Нест ёде, ки расад бар доди ман.
Зӯза хоҳад зад яке гурги алам,
Шеърро бо шевану фарёди ман.
Баъд аз ин аз ту дигар дил кандаям,
Мурдаам, аммо ба сурат зиндаям.
Мотами миллист дар аъзои ман,
Парчами ишқи ту сар афкандаям.
Мерасӣ аз дуриҳо бар шаҳри ман,
Нӯшдору то шавӣ, эй заҳри ман.
Мерасад рӯзе, ки мегӯӣ, дареғ,
Бо ту будан давлате буд баҳри ман.
© Душанбе, 15.02.2014
Ахсант бародар Шухрат гуфти гапо аз чигар гирифти!
Саломат бошед, Бобои Эшон!