Январь, 2014 Archive

Бегонаи ман

Бӯсагоҳат холӣ аз лабҳои ман, Чашмҳоят сӯи ман, аммо намебинӣ маро. Кокулони майдабофат пушти арки шонаҳоят мезанад мавҷ, Мекашад манро ба сӯяш Маст месозад ба бӯяш… Мисли хобе рафтӣ аз шабҳои ман, Дар сарам дорам ҳавоят, дар дили ту ҳасрате ҳаст, Нек медонам забони мову ту бошад забони ошиқӣ, Бо ҳама ҳамсониву ҳамҷониву ҳамқисматӣ, Бо […]

Майдаавбош*

Дарси адаб ман аз паси дар сар кашидаам, Бо иштиёқе кокули духтар кашидаам. Дар номаҳои беҷавоби кӯдакии худ, Акси уқобе дар кафаш кафтар кашидаам. Дар сафҳаи мусаввири хотираҳои ту, Як дил ба рӯяш дастаи ханҷар кашидаам. Ҳар шаб барои дидани қадди ниҳоли ту, Қадди ниҳоли кӯчаро дар бар кашидаам. Ҳоло барои бурданат, Рахшонаки дилам, Чун […]