Ошиқи бечора аз ғамҳои ҳиҷрон сӯхт, сӯхт.
Рӯзадорон, дидагирён, синабирён сӯхт, сӯхт.
Дар тавони ман набуд оташ задан бар ҷони кас,
Ишқ оташ гашту ҷони нотавонон сӯхт, сӯхт.
Бо худам гуфтам, ки фардо офтобӣ мешавам,
Абри ҳисам чун ҳавои баъди борон сӯхт, сӯхт.
Баргаи бурде ба дастам даррасиду боз ҳам,
Норасида навбати ман давру даврон сӯхт, сӯхт.
Хотирам чун донаи зуннор аз ҳам пора кард,
Каъбаи ёди маро он номусулмон сӯхт, сӯхт.
Дар дуо гуфтам, ки шаҳри бевафоён даргирад,
Дастро бар рӯ кашидам Тоҷикистон сӯхт, сӯхт.
Дӯстонам, маъзарат, шояд шуморо бовар аст,
Ин ки, Шуҳрат аз дуову оҳи ҷонон сӯхт, сӯхт.
Офарин ва боз хам офарин!
Саломат бошеду офтобӣ, дустам!
Баргаи бурде ба дастам даррасиду боз ҳам,
Норасида навбати ман давру даврон сӯхт, сӯхт.
Ширин! Фиғони тешаи Фарҳод шуд тамом,
Роҳат бирав ба бистари Парвиз то ба субҳ.