Васият

Бар турбати ман як дили садпора гузоред,
Аз гул кафанам карда ба наззора гузоред.

Рӯзе, ки зи маргам ду маҳу ҳафта сипар шуд,
Аз хок бурун карда дигарбора гузоред.

Дар зиндагиям ғайри қалам ҳеч надорам,
Онро чу асо бар кафи овора гузоред.

Як мисраи дар фасли баҳор гуфтаи манро,
Андар лаби ҳар ошиқи бечора гузоред…

Чун рамзи ду чашме, ки бароям шуда гирён,
Дар маркази ин шаҳр ду фаввора гузоред.

© Душанбе, 6.06.2013

4 Responses to Васият

  1. «Дар зиндагиям ғайри қалам ҳеч надорам,
    Онро чу асо бар кафи овора гузоред.

    Як мисраи дар фасли баҳор гуфтаи манро,
    Андар лаби ҳар ошиқи бечора гузоред…» Бисьёр оли, факат пессимист нашавед. Зиндаги дар пеш аст бо хама каму костихояш зебост.
    «Гар фишори зиндаги обат кунад, мискин машав,
    Мард бош эй хастадил, шармандаги даркор нест!»

  2. Барои маслихат ташаккур, хатман ба инобат хохам гирифт. Хуш омадед.

  3. Чун рамзи ду чашме, ки бароям шуда гирён,
    Дар маркази ин шаҳр ду фаввора гузоред.

  4. … То худовандона тандисе бисозад аз ту ишқ,
    Аз даҳони арра бояд устухонат бигзарад.
    Понта Осафоӣ