Ӯву борон

Духтаре, ки дӯст медорам зиёд,
Мерасонад бӯйи боронро ба ёд.
Ҳар гаҳе аз кӯчамон ӯ бигзарад,
Эй Худо, як осмон борон биёд.

Гесувонаш чун парешон мекунад,
Атри мӯяш бӯйи борон мекунад.
Кокулони зериборонмондааш
Баъди борон кӯчарӯбон мекунад.

Қатраҳо аз оби борони баҳор,
Метаровад аз сари зулфаш қатор.
Дастафшон карда мегӯяд: — Худо
Боз борон бору борон ору бор.

Ӯву борон ҳарду эъҷози Худо,
Ӯву борон ҳамчу ду дилдодаҳо.
Аз сару дӯшаш ба ҳисси ошиқӣ,
Оби борон метаровад то ба по.

© Душанбе, 26.05.2013

2 Responses to Ӯву борон

  1. Аз «Уву борон» илхомам омад ва инро бо забони узбеки сурудам:
    «Осмонни кора булут коплаб,
    Килич ушлаб чакмок югурди.
    Йигит ва киз ёмгирдан кочиб,
    Зурга тол остига улгурди.
    Киз ошикар кеч колдим жуда,
    Ёмгир мунча авжга минмаса.
    Йигит сузлар, ошиклик шу да,
    Менга колса ёмгир тинмаса!»
    Ташаккур!

  2. Салом Шерзод!
    Забони сурудаатонро намефахмам, аммо бовар дорам, ки зебо гуфта шудааст. Хаста набошед!