Июнь, 2013 Archive

Васият

Бар турбати ман як дили садпора гузоред, Аз гул кафанам карда ба наззора гузоред. Рӯзе, ки зи маргам ду маҳу ҳафта сипар шуд, Аз хок бурун карда дигарбора гузоред. Дар зиндагиям ғайри қалам ҳеч надорам, Онро чу асо бар кафи овора гузоред. Як мисраи дар фасли баҳор гуфтаи манро, Андар лаби ҳар ошиқи бечора гузоред… […]

Умри азиз

Ман дар ватанам манзили шоҳона накардам, Ман меҳани аҷдодӣ ба бегона супардам. Ман дарди сарам, беватанам, марди сағирам, … Барбанд дари вои ятимхона, ки сардам. Дар қисмати ман наъраи озодӣ задан нест, Боре назанам наъраи мастона, чӣ мардам? Афрозам агар ковадирафше, нахурад боз, Ин мардуму андешаи туркона ба дардам. Дар санги сари қабри ман ин […]

Ӯву борон

Духтаре, ки дӯст медорам зиёд, Мерасонад бӯйи боронро ба ёд. Ҳар гаҳе аз кӯчамон ӯ бигзарад, Эй Худо, як осмон борон биёд. Гесувонаш чун парешон мекунад, Атри мӯяш бӯйи борон мекунад. Кокулони зериборонмондааш Баъди борон кӯчарӯбон мекунад. Қатраҳо аз оби борони баҳор, Метаровад аз сари зулфаш қатор. Дастафшон карда мегӯяд: — Худо Боз борон бору […]