Ватанро одиле сардорӣ бояд, Ба давраш оқилон бисёрӣ бояд. Барои нафъи халқ бо хасм ӯро, Агар лозим шавад, ҳамкорӣ бояд. Ба минбарҳои долони ҳукумат, Такаллум аз тамаллуқ орӣ бояд. Гаронӣ мекунад нархи ҳама чиз, Ба инсоф ҳам муҷаввиз ҷорӣ бояд! Бурида дасти дузд, дасти сахо пур – Шиори мардуми бозорӣ бояд. Ҳама чиз дар мизони […]