Чун ҷавонӣ ба раҳи пирӣ суҷуде дорад, Хира шуд чашму дилам сўхта дуде дорад. Ту ба парҳез зи хоби саҳарӣ кўш, писар, Ки Худованд дами субҳ пайку дуруде дорад Фалакат гардиши сахт дод, ба зинҳор маранҷ, Осмон баҳри сафо ранги кабуде дорад. Тарси дастнорасии қулла зи сар берун кун, Кўҳ дар пуштаи худ роҳи фуруде […]