Шабе дар бистари нарми хаёлам, Канори ҳам нишаста то саҳар шод, Ману Ту дасти ҳам бигрифта гуфтем, Худо моро барои ҳамдигар дод. Саҳар аз кулбаи гарми хаёлам, Ҷудоӣ рафтанат бар ман хабар дод. Ману Ту чашми ҳам бўсида гуфтем, Ки чашми бад баромон бехатар бод. Ба шоме дар ибодатгоҳи ёдам, Намози шукри ишқ аз худ […]