Модар

Барои Модаре, ки имрўз зодрўз дошт

Ҳанўз ҳам ба вақти атса карданам,
Ту мурда зинда мешавӣ, ки модарӣ.
Ҳанўз ҳам ба вақти ашку шодиям,
Ту гиря-ханда мешавӣ, ки модарӣ.

Ҳанўз ҳам ба ҷомаи арўсиям,
Ту шоҳу банда мешавӣ, ки модарӣ.
Ҳанўз ҳам барои пуштибониям,
Ту ганда ганда мешавӣ, ки модарӣ.

Ҳанўз ҳам ба вақти рафтанам,
Ту кўча-кўча меравӣ, ки модарӣ.
Ҳанўз ҳам ғами маро зи роҳи умр,
Ту чида-чида меравӣ, ки модарӣ.

Ҳанўз ҳам канори ту шавам агар,
Ту шиштухез мешавӣ, ки модарӣ.
Ҳанўз ҳам ба доманат чу сар ниҳам,
Ту хандарез мешавӣ, ки модарӣ.
22.08.2012

One Response to Модар

  1. Хилватшохи Махмуд

    Модар-панч харфе, ки дунёро дар худ гунчонда, бори олами маъни ва хастии моро мекашад. Моем, ки ба кадри як шаби бедорхобии У намерасем, агар дунёро барояш хам хадя созем…