Сентябрь, 2012 Archive

Ману Ту

Шабе дар бистари нарми хаёлам, Канори ҳам нишаста то саҳар шод, Ману Ту дасти ҳам бигрифта гуфтем, Худо моро барои ҳамдигар дод. Саҳар аз кулбаи гарми хаёлам, Ҷудоӣ рафтанат бар ман хабар дод. Ману Ту чашми ҳам бўсида гуфтем, Ки чашми бад баромон бехатар бод. Ба шоме дар ибодатгоҳи ёдам, Намози шукри ишқ аз худ […]

Модар

Барои Модаре, ки имрўз зодрўз дошт Ҳанўз ҳам ба вақти атса карданам, Ту мурда зинда мешавӣ, ки модарӣ. Ҳанўз ҳам ба вақти ашку шодиям, Ту гиря-ханда мешавӣ, ки модарӣ. Ҳанўз ҳам ба ҷомаи арўсиям, Ту шоҳу банда мешавӣ, ки модарӣ. Ҳанўз ҳам барои пуштибониям, Ту ганда ганда мешавӣ, ки модарӣ. Ҳанўз ҳам ба вақти рафтанам, […]

Ҳасби ҳол

Дидаед марде сигорӣ Дасти ғам андар кафи даст, Дар хиёбони дарози бекасӣ Меравад бешўру пуршаст… … Ин ҷавонии ман аст… Дидаед шаҳре, ки холӣ Аз нидои ошиқон аст? Дар хиёбонаш гуле нест, Кишвари дилмурдагон аст… … Зиндагонии ман аст… Дидаед дарёи хушке Шўриши сад баҳр дорад? Мезанад сарро ба соҳил, Мавҷҳояш қаҳр дорад… … Қаҳрамонии […]