Девона ман зи талъаташ он ёр механдад,
Кам-кам адоям кардаву бисёр механдад.
Девона ман, ки мешавам пазмони хашми ў,
Фаҳмида он дуздаки таррор механдад.
Девона ман, ки бо нигоҳ бўсам зи чашми ў,
Ранҷида ў зи лаззати хуммор механдад.
Девона ман, ки мезанам лофи муҳаббаташ,
Биншаста ў ба маҷлиси ағёр механдад.
Девона ман, ки ҷўямаш аз кўҳу дар даман,
Рақсида ў ба кўчаю бозор механдад.
Девона ман, ки дар раҳаш бисёр меистам,
Баргашта ў зи диданам ночор механдад.
Девона ман, ки беҳуда аз ёр меранҷам,
Шаб то саҳар ба дидаи бедор механдад.
Ох, чи кадар самими мегуи!!!
Шарбати талхтар аз захри фирокат бояд,
То кунад лаззати васли Ту фаромуш маро
Муйдаги
Ту барои ман намур, ки мемурам…
куштаги
12-то аз тахтапушт