Ба Худо гиристам имшаб, ки дилам гадо насозад,
Зи ғаме, ки шодиям буд, ба алам ҷудо насозад.
Ба Худо гиристам имшаб, ки зи файзи рўзадорӣ,
Ба намозу аз таровеҳ талабам адо насозад.
Ба Худо гиристам имшаб, ки ба ёри нозанинам,
Назаре, ки ноз дорад, назарам фидо насозад.
Ба Худо гиристам имшаб, ки ба пеши душману дўст,
Зи ду ҳарфи носазоям ба сарам бало насозад.
Ба Худо гиристам имшаб, ба Худои меҳрубонам,
Ки Худои ман Худо аст, зи худам Худо насозад.
Ба Худо гиристам имшаб ба забони безабонӣ,
Ки ба баҳси ёри ширин суханам гиро насозад.
Ба Худо гиристам имшаб, ки зи Шўҳрати сияҳбахт,
Гулаки сафеди умраш ба ситам ҷудо насозад!