Бояд дамеро аз даме осудатар кашид, Рафъи хумори бодаро вақти саҳар кашид. Бояд чу нури офтоб аз қуллаи баланд, Ба пешвози рўзи нав бо ханда сар кашид. Бояд чу мавҷи саркаши дарёи пурхурўш, Худро ба умқи синаи кўҳу камар кашид. Бояд чу барги лолае дар дашти синае, Аз хуни худ ранги хати зеру забар кашид. […]