Номусулмоне чӣ кард…

Ёри порисии мо чун сабки Лондон карду рафт,
Не хабар бигзошту не як занги тилфон карду рафт.

Хест аз маҳфил ба нозу дасти ағёре гирифт,
Маҷлиси моро саросар мотамистон карду рафт.

Шишае аз коняки сабр доштем андар бағал,
Бодаи моро ба ҷоми носабурон карду рафт.

Ваъдаи васлаш чу Яздон дар дили шаб дода буд,
Кўтаҳ ин имони моро номусулмон карду рафт.

Доштаст дар сар хаёли атри порисӣ магар,
Бехабар будем, ки тарки Тоҷикистон карду рафт.

Сар ҳавои Аврупо дорад, вале дастам тиҳист,
Қарзи моро дар ҳисобаш ӯ ҳазорон карду рафт.

Comments are closed.