Ҳасад

Ба баҳоре, ки ту гули аввали онӣ,
На ҳавоям, на яке қатраи борон,
На каси ҳадягир аз рўзи баҳорам,
На ҳамон мурғи саҳархези ғазалхон.

Менабошам ақалан санги сар кӯҳ,
Ки ба паҳлўи танам рўида бошӣ.
Менаҳастам шафақи субҳи баҳорӣ,
Ки ба анҷоми раҳам печида бошӣ.

Мебудам кош шаби охири сардӣ,
Ҳо, ҳамон шаб, ки бароям саҳараш нест,
Мегирифтам-т ба бағал танг дар оғӯш,
То бигўянд ба баҳор гул хабараш нест.

Comments are closed.