Май, 2012 Archive

Номусулмоне чӣ кард…

Ёри порисии мо чун сабки Лондон карду рафт, Не хабар бигзошту не як занги тилфон карду рафт. Хест аз маҳфил ба нозу дасти ағёре гирифт, Маҷлиси моро саросар мотамистон карду рафт. Шишае аз коняки сабр доштем андар бағал, Бодаи моро ба ҷоми носабурон карду рафт. Ваъдаи васлаш чу Яздон дар дили шаб дода буд, Кўтаҳ […]

Ҳасад

Ба баҳоре, ки ту гули аввали онӣ, На ҳавоям, на яке қатраи борон, На каси ҳадягир аз рўзи баҳорам, На ҳамон мурғи саҳархези ғазалхон. Менабошам ақалан санги сар кӯҳ, Ки ба паҳлўи танам рўида бошӣ. Менаҳастам шафақи субҳи баҳорӣ, Ки ба анҷоми раҳам печида бошӣ. Мебудам кош шаби охири сардӣ, Ҳо, ҳамон шаб, ки бароям […]

Гуноҳе пур зи лаззат

Раво бошад маро дар ҳар бало афкандаат созӣ, Чу ҳоҷӣ гирди санги қиблагаҳ гардандаат созӣ. Адои ҳамлаи чашмат, каманди зулфи печонат, Чӣ мешуд, ки ба банди дасту пойи бандаат созӣ. Ба уммеди висолат то қиёмат рўза медорам, Ба лутфи хеш десерти шоми ман як хандаат созӣ. Савоб аст аз лаби нағзат, ки дашноме ба ширинӣ, […]