Ин даст, ки ҳамойил шуда бар гардани ёре, Аз фитнаи он дасти хиёнатзада боре, Огаҳ шаваду дасте ба ў силӣ занад гар, Расвоӣ падид ояду сад фитнаи дигар…
Ин даст, ки ҳамойил шуда бар гардани ёре, Аз фитнаи он дасти хиёнатзада боре, Огаҳ шаваду дасте ба ў силӣ занад гар, Расвоӣ падид ояду сад фитнаи дигар…
Боз о, ки умрам меравад, ин тирамаҳ чил мешавад, Одам, ки аз гил омадаст, охир, ки бар гил мешавад. Эй, дар зимистони дилам фарвардини зебои ту, Оӣ, баҳору рўзи нав дар кўву манзил мешавад. Хун дар дилам гул мекунад аз нам-нами борони ишқ, Чун мижа бар ҳам мезанам, ашк сурати дил мешавад. Қаҳру итобат раъду […]
Ҳолатам бе чора дидам, шармсорам, ки напурс, Дардмандам, ханда созам, шармсорам, ки напурс. Даъвии шаҳри Самарқанд, даъвии тахти Бухоро, Аз чунин даъвои кам-кам, шармсорам, ки напурс. Дар ҳамин рўзе, ки бояд дар ғами миллат бигирям, Аз чунин чашмони бенам, шармсорам, ки напурс. Дасти худро бўса созу миннати дасте мабар, Ман чунин дасте надорам, шармсорам, ки […]
Бо ҳар баҳона рўҳи ман фарёд мекашад, Чилсолагиям заҳмати ҳафтод мекашад. Сайди рамида дар чаман бо қаҳру бо итоб, Теғи нигаҳро ҷониби сайёд мекашад. Ширин ба Хусрав ҷилваҳои ноз мекунад, Бори ҷафоро тешаи Фарҳод мекашад. Қавми падарнадидаи модархатои Ғарб, Ҷисми Ҳусайнро бар дари Бағдод мекашад. Шўҳрат ҳамин андешаву кибру ғурури ту, Ишқи зи раҳ расидаро […]
Дар кишвари шоҳе, ки раъият хаси роҳ аст, Роҳе ба паси роҳ гузидан натавон ҳеч. Бе ҳиллаву бе кисаву бе ёри мувофиқ, Бар мансабу бар ҷоҳ расидан натавон ҳеч. Қоидаи ҷангал, ки агар ҳукм биронад, Шерона чу рўбоҳ давидан натавон ҳеч. Аз растаи имрўзаи бозори ҷавонон, Нахле чу пари коҳ харидан натавон ҳеч. Бо ин […]
Рўзе, ки чаманро хати паргор кашидам, Дар ҳасрати гул нолаи бисёр кашидам. Не гул ба чаман ханда занад, не пайи ёре, Даст аз фараҳу айш ба ночор кашидам. Эй мўниси ҷони мани бемор куҷоӣ? То аз дили ман ҳасрати ғамро бизудоӣ. Гул дар чаман аз нолаи булбул, ки хазон аст, Аз бемеҳриву аз сардиву аз […]