Хонаро муаттар кун, Зулҷалоли вал-икром, Шоми мо мунаввар кун, Зулҷалоли вал-икром, Хотири парешонам, ҷамъу ҷўр намегардад, Сафҳа-сафҳа дафтар кун, Зулҷалоли вал-икром. Дуде зи танўри дил, бар дида кашида мил, Шўъларо ту ахтар кун, Зулҷалоли вал-икром. Побанди ҳавас будам, даст аз талабам дур шуд, Дасте ба сари сар кун, Зулҷалоли вал-икром. То дар дили зори ман, […]