То Панҷекат чанд сомонӣ?

Чанде пеш ба зодгоҳам рафта будам ва аз он ҷо хотироте чанд бо худ овардам, ки ба дўстонам гуфтану шуниданашро раво мебинам. Бояд гўям, ки рафтанам ба он ҷо бо чанд баҳонаву сабаб пеш омад, вагарна ҳеч дилам намехост, ки аз Душанбе берун шавам, ҳарчанд ҳаво дар пойтахт хеле гарм буд. Як субҳи моҳи июл тахминан соатҳои 6-у 30, бо азми сафари Панҷрўд, аз хона берун шудам. То ба нуқтаи исти мошинҳои кироя, ки ба самти шимоли Тоҷикистон мераванд, бо се нақлиёт ва бар ивази 3 сомонӣ дар муддати 30 дақиқа расидам. Истгоҳи Заводи семент аст, ки мошинҳо интизори мусофирони вилояти Суғданд. Баробари аз маршрутка поён шудан, аз ҳар тараф саволам доданд: «Хуҷанд меравед? Ўротеппа ҳаст?». Ба дил гуфтам: «Шояд истгоҳи Панҷекатро ба ҷойи дигар бурдаанд?». Не, баъдтар маълум шуд, ки дар ин истгоҳ «тартиб» муайян кардаанд. Акнун кироямошинҳои Панҷекат дар тарафи дигар ҷудо ист кардаанд, ҳамин хел мошинҳои ноҳияҳои Айниву Шаҳристону Исфара низ.
Аввалин ронандаи кироя ба ман пешниҳод кард, ки бар ивази 120 сомонӣ дар мошини калонҳаҷми «ҳарҷогардаш» сафар кунам, пушаймон нахоҳам шуд. Ман, ки бо инҳо борҳо «савдо» кардаам, гуфтам: «60 сомонӣ». Хулас, ман бо нархи 80 сомонӣ розӣ шудам. Вақте ронанда ба ман муроҷиат кард, ки ба қатори сеюми худсохташ гузарам, андаке сахт карда пурсидам: «Мо дар ин ҷо мешинем? Ва ман бояд бо чанд нафар дар ин ҷои худсохти шумо манаҳамро болои зонуям гузошта шинам?». Гуфт: «Ҳа уко, ин ҷо барои шумо ва боз ду нафари дигар, кўрпача партофтаам, мазза карда то Панҷекат меравед». Ман дар ҷои истам 180 дараҷа тоб хўрдам ва чизе нагуфта рафтанӣ будам, ки ронанда аз пасам дод зад: «Ҳей ако (навакак уко будам), чӣ фарқ дорад, ки дар куҷо мешинед, ҳамааш ҷойи хуб, бароҳат меравед, кафолат медиҳам». «Ҳамааш, ки хуб бошад, ба ман дар қатори якум ҷой диҳеду ана ин наврасро ба қатори охир гузаронед, меравам», — гуфтам ман. Ронанда дастҳояшро ба ду тараф ёзонида гуфт: «Биёед дар қатори пеш шинед, аммо бояд 120 сомонӣ диҳед».
— Чаро? — гўё ҳайратзада шуда бошам, пурсидам ман. – Навакак гуфтед, ки ҳамааш як хел ҷой аст, пас чаро нархаш фарқ мекардаст?
— Ҳеҳ, рафтанӣ набошед, сари маро гаранг накунед, — гуфт бо қаҳр ронанда, ки маълум буд, аз гапи ман хиҷолат кашидааст. (Ман аз ин ронандаҳои 120 мегуфта шарму инсофро интизор набудам, аммо инаш аз чӣ бошад, ки андаке сурх шуд).
Маро ронандаи дигаре розӣ кунониданӣ мешуд, ки бо нархи 100 сомонӣ бо мошини вай, ки хориҷӣ ва «люкс» будааст, сафар кунам. Ман эълон кардам: «Ҳар касе, ки хоҳиши маро бар ивази 60 сомонӣ то ба Панҷакет бурданро дорад, ба ман муроҷиат кунад». Ҳамаи ронадаҳо ба ҳам менигаристанду даҳонашон кушода шуда буд, мусофирони дигар ба ман чун ба донишҷўе, ки аз 60 сомонӣ бештар пул надорад, менигаристанд. Яке аз онҳо ба ронандае муроҷиат кард:
— Хайр ака, ҳеч гап не, як бор кори савоб кун, ин камбағалро бар ивази 60 сомониаш ба манзил бар, Худо аз ҷойи дигаре ҷуброн мекунад.
— О ин камбағал назараш мошини маро намегирад, мегўяд, ки дар қатори сеюм намешинам.
Акнун мусофир ба ман муроҷиат кард:
— Додар, биё равем, пулат ба ҳамин хел ҷой мерасад, касе туро бо ин пул дар қатори пеш ҷо намедиҳад.
Рости гап ин муроҷиати мусофир маро каме ба ғаззаб овард, аммо мўи сафедашро ба инобат гирифта андаке аз қаҳрам фуромадам ва гуфтам:
— Амак, пули ман ба ҳамаи қаторҳои ин мошину боз ду мусофиркаши дигар мерасад, аммо чаро ман бояд ба инҳо ҳамон пули гуфтаашонро диҳам ва боз дар шароите сафар кунам, ки панҷ соат азоб дошта бошад?
Мусофири мўйсафед ба рўям хандид ва бо хандааш гуфтанӣ буд, ки «ба ҳамин минвол давом деҳ».
Ҷавони тахминан 20-солае аз тарафи дигар омаду ба ман, ки борхалта доштаму мошин наёфтанам маълум буд, гуфт:
— Панҷекат меравед? 110 сомонӣ диҳед, мебарам.
— Вай аз 60 сомонӣ зиёд надорад, донишҷў аст ва ҳам мехоҳад, ки дар қатори 1-ум ё 2-юм нишаста равад, — ба ҷойи ман ҷавоб дод ронандаи якум.
Ҷавон чизе нагуфта абрўвонашро поён кашиду шимашро боло бардошт ва аз назди ман дур шуд.
Даҳонамро пур кардам, ки ба ронандаи «сурхшуда» ҷавобе диҳам, аммо симои шиносе, ки аз паси анбўҳи ронандаҳо оғўш кушода ҷониби ман меомад, маро аз ниятам боздошт.
— Ҳа, ба куҷо? – пас аз оғўшгириву ҳолпурсӣ савол дод шиносам, ки Саъдулло ном дошт ва дар ин роҳ кироякашӣ мекард.
— Зиёрати падару модар меравед? – ба ман навбати сухан надода худ ҷавоб дод ва илова кард: — Борхалтаатонро ба мошини ман бурда монед. Ҳоо, ана дар сояи дарахт, берун аз истгоҳ.
— Шумо ҳам ба мисли инҳо 120 сомонӣ мегиред? – бо оҳанги шўхиомез пурсидам аз ў.
— Нархи рўз, ошно, аммо ба шумо гузашт мекунам.
— Чанд?
— Аҷаб одам будаед, борхалтаро дар мошин монед, баъд гапзанон мекунем.
— Ин одам аз 60 сомонӣ зиёд надорад, — боз ба гап ҳамроҳ шуд ронандаи «сурх».
— Ман ин одамро бепул мебарам, — ҷавоб дод Саъдулло ва ман аз ҷавоби ў ба ин ронандаи бедањан қонеъ шуда, розӣ будам, ки бар ивази 120 сомонӣ бо мошини вай сафар кунам.
Ҳамин тавр, ман борхалтаамро ба RAF-4-и Саъдулло гузоштам ва мо интизори пур шудани мошин шудем. Лаҳзаҳо бо давидани Саъдулло ба сўи ҳар мусофири нав ба истгоҳ омада паси сар мешуд, аммо ҳеч набуд, ки мошини мо аз ман зиёдтар мусофир ёбад. Соат ба 9 наздик мешуд, ки як марди хушсарулибос омад ва бо Саъдулло гуфтугузор карда, мусофири дуюм шуд. Ин мард, ки худро ҳоҷӣ муарифӣ кард, ба Урметан рафтанӣ будаст. Андаке баъд як мошини шишаҳояш сиёҳ дар канори роҳ ист кард ва ҳоҷӣ бо ронандааш гапзанон карда, аз ман хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш бо ин мошин сафар кунам. Вай бар ивази 60 сомонӣ моро то манзил мерасонидааст. Ман розӣ шуданӣ будам, аммо нахостам, ки аз Саъдулло напурсида равам. Саъдулло ба пурсиши ман ангушти ишораташро ба чаккаш бурда чун мурват тоб дод ва гуфт:
— Девона нашудед? О ин мошину ронандаашро мешиносед? Кӣ ба шумо кафолат медиҳад, ки вай «тоза» аст?
Дидам, ки Саъдулло ба рафтанам розӣ нест, гуфтам, ки ман ҳам дар ҳамин фикр будам.
Ҳоҷӣ рафт. Соат ба 10 расид. Саъдулло ҳам дарк кард, ки дигар мусофир ёфтанаш мушкил, маро ба як мошини Opel савор кард. Ин мошини раҳгузар будааст ва моро то манзил бар ивази 70 сомонӣ мебурдааст. Ман бо Саъдулло хайрухуш кардаму ба мошин нишастам. Дар даруни он мусофире менишаст, ки даст дода бо ман вохўрӣ кард. Мо се мусофир ва ронандаву додараш ба роҳ баромадем. Сафар ҳам хотироти гуфтание дорад, ки дар идомаи вохўриамон нақл хоҳам кард…

Comments are closed.