Рўдакӣ: Боз мегиряд ғурурам

Нимпайкараи Рўдакӣ дар Панҷрўд

Дирўз дар сайти радиои «Озодӣ» як хабареро хондам, ки бисёр нигаронам кард. Сухан дар бораи пайкараи Рўдакӣ ва ҷой наёфтани он дар Хоруғ мерафт. Ба гуфтаи сармеъмори шаҳр Назарсултон Сиддиқова, онҳо мехостаанд муҷассамаро дар ҷойи намоён ва серодами шаҳр гузоранд, аммо то ба ҳол барои ҳайкал ҷойи мувофиқ пайдо накардаанд. Чӣ баҳонаи пучу бемаъние. Дар Хоруғ, ки аз ин сар то он сараш қадам задан ним соате беш нест, чӣ гуна мешудаст, ки масъулин то ҳол ҷо мекобанд? Мешавад, ки дар андак кам аз 20 дақиқа мавзееро интихоб кард, аммо не, ҳатман бояд ин мавзўъ сари забонҳо қарор гирад. Чаро, ки гузоштани ҳайкали Рўдакӣ барин каси ноошно барои касе ошно нест, аммо дар мавриди афрохтан ё баркандани Ленини пойлучон аз тарафи ҳар нафар ҳатман сару садоҳо баланд мешавад ва ҳатто ёфт мешаванд, масъулине, ки хонаи худро барои пайкараи вай пешниҳод мекунанд. Аслан, идеяи гузоштани пайкараи Рўдакӣ дар Бадахшон аз тарафи кӣ бошад? Маъмулан масъулини ҳукумати Хоруғ Рўдакиву шеъри ўро қадр намекунанд, вагарна чунин мушкилӣ пеш намеомад ва онро то ба матбуот ҳам намекашиданд.
Як бародар дар шарҳи ин навиштаи Озодӣ коммент гузоштааст, ки бисёр писандам омад. Аёнан:
Ном: Somali
20.04.2011 17:46
Рудаки ба шумо хеч иртиботе надорад ва хам у ниёзе ба пайкарагузори дар ин минтака надорад! Шоиро! Баъд аз 1000 соли чабр боз хам намегузоранд, ки рухат ором бошад. Ва аммо
Рухи у бо амри такдир ин замон,
Чой дорад дар мазори Панчруд!
Бо хамон 200 хазор сомони ягон гушаи минтакаро чарогон кунед, ки бачахо тавонанд дар рушнои шеъри Рудаки аз бар кунанд ва донанд, ки Рудаки ки буд, то чанде пас пайкараи гузоштаи шуморо аз надонистани ки будани Рудаки аз пой наафкананд. Боки хаволаатон ба Худо.

Ва дар идомаи ин шарҳҳо нафари дигаре навиштааст, ки ин ҳам айни муддаост:
Ном: помири аз: москва
20.04.2011 21:23
Дар Хоруг дар майдони маркази бояд мучассамаи асосгузори адабиети навини мардуми Помир Лидуш Хабиб бояд гузошта шавад.

Ва аммо хонандаи дигаре (шояд олиме) ба шарҳи аввалӣ шарҳ гузоштааст:
Ном: Ба Сомали аз: Руссия
21.04.2011 14:33
Дусти гиромикадр!
Ое Шумо медонед, ки Рудаки низ яке аз шоирони исмоилимазхаб буд. Агар аз гапи ман бароятон, ягон савол дошта бошед, метавонам, маъхазхоро ба Шумо пешниход кунам, ки далеламро тасдик мекунанд.

Ман аз бародар Somali маъзарат мехоҳам, ки аз номи ў ба шореҳи охирин номае навиштам. Медонам, ки Шумо маро барои ин густохиям мебахшед.
Аслан, ман зидди ҳамагуна пайкараҳоям, бахусус пайкарае, ки дар гўшаи фаромўшшуда бошаду дар сару китфонаш мурғони ҳаво лона созанд. Дигар ин, ки ин афсонаи қарматӣ будани Рўдакиву бо ин сабаб ба чашмонаш мил кашидани сомониҳоро ба олимони шўравў гуед, зеро сиёсат дар он давр чунин буд — тафриқа андозу ҳокимият рон. Ину дигар версияҳое, ки олимони рус бо ин васила унвонҳо гирифтаанд, аз ҳақиқат фарсахҳо дур аст. Ин аввали гап, ва аммо агар Рўдакӣ исмоилӣ ҳам будӣ, ба бадахшониҳо ҳеч иртиботе надорад. Яъне, дар ин маврид  забони Рўдакӣ ва шеъри ўро дар назар аст, на фарзияҳои Бартолду Брагинскиву Холиқзодаву дигарон. Олими мўҳтарам, ман ки як хонандаи оддӣ ҳастам, шояд иштибоҳ кунам, аммо манзур аз ин навиштаи ман беқадрии Рўдакӣ аст, на чизи дигар. Ана, бинед, дар ҳамин комментҳо дар бораи гузоштани пайкари асосгузори адабиёти нав сухан меравад. Онҳо адабиёти худро доштан мехоҳанд, пас Рўдакӣ ба онҳову адабиёташон ҳеч иртиботе надорад.
Намехоҳам касе аз ин навиштаи ман хашмин шавад ва ҳам намехоҳам, ки аз касе барои кадом гапе узр пурсам. Бигзор масъулини ҳукумат хашмин шаванд, раиси нависандагон ғаззаб кунад, аммо на ягон бадахшии қаторӣ! Инҳо бояд андешанд, ки чанд соле пас шояд дар шаҳри Чкалов пайкараи онҳоро гузоштан мехоҳанду ҷой намеёбанд, ё дилхоҳ давлатдори имрўза аз боло то ба поён!

_________________________________________________

Ин суруд шояд аз номи Рўдакӣ садо надода бошад, аммо Афзалшо ба маврид сурудааст:

2 Responses to Рўдакӣ: Боз мегиряд ғурурам

  1. Салом, дӯсти азиз!

    Муддатест пайваста аз торнигори Шумо дидан мекунем ва матолиби онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин васила фазои иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳони интернет рангин мекунед. Дар ин ҷода бароятон устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.

    Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.

    Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.

    Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.

    Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.

    Бо дуруд ва эҳтиром
    Соҷидаи Мирзо,
    мудири Бахши Тоҷикии
    Радиои Озодӣ

  2. Барои ба ин саҳифа чашм давонданатон самимона ташаккур мегўям. Аммо ман чунин намеҳисобам, ки навиштаҳои ман арзандаи Блогистон бошанд, ба он хотир, ки ин ҳама андешаҳои мананд, на зиёд аз ин. Ва ман ҳеч гоҳ даъвои блогдориро накардаам ва худро аз ҷумлаи пешгомони фановариҳои нави иттилоотӣ намедонам. Компютерам ҳам дурбин (шояд камераро дар назар доред) надорад, чун навиштаҳоям аксар бе ҳаққи қаламанд ва ман имкони харидории чунин техникаро надорам. Умед дорам, ки узри маро холисона қабул мекунед!