Даъвои ману Хитой

Чанд рўз инҷониб Интернет надоштам ва бояд рост гўям, ки аз баъзе хабару воқеаҳо ба хубӣ огоҳ набудам. Чун сафҳаҳоро боз кардам, хабари аз ҳама пурбаҳс дар саҳифаҳои Интернет ба ихтиёри Хитой гузоштани 3,5 фоизи ҳудуди Тоҷикистон буд. Аввал аз ин хабар хеле нохуш шудам ва чун тоҷик нангам омад. Наход мо тавонистем, ки дар асри 21 ҳам ба миллат ин тавр хиёнат кунем? Дар ҳама давру замонҳо хиёнату ватанфурўшӣ будааст ва иллати ҳамин одат аст, ки имрўз тоҷик дар кўҳу пуштаҳо пароканда аст. Бигзор ҳамин ҳудуд кадом вақте аз Хитой будааст, пас бояд ин маънои онро дошта бошад, ки он ҳатман ба ин кишвар баргардонида шавад? Агар ҳамин тавр аст, пас он ҳудуди Хитой, ки дар он тоҷикон муқиманд, бояд ба Тоҷикистон дода шавад, аз ҷумла Қошғар, ки мулки қадимии тоҷикон аст ва ба навиштаи Дориюши Раҷабиён «Дар ҳамин Туркистони Чин, ки 1142 км мураббаъ аз хоки Тоҷикистон ҳам ба он васл шуд, минтақае ҳаст бо номи уйғурии “Тоҷик Тошқурғон Аптоном Ноҳияси” (Ноҳияи Худмухтори Тошқурғони Тоҷик), ки 60 дарсади ҷамъияташ тоҷиканд. Дар кул 50 ҳазор тоҷики бумӣ сокини Туркистони Шарқианд, ки ба забони помирии сарикулӣ такаллум мекунанд ва худашонро “тоҷик” меноманд». Инҳо замини безабон не, мардумоне ҳастанд, ки аслу насаби худро медонанд ва ҳеч ҳуҷҷате барои исботи миллати онҳо зарур нест.
Гуфтам, ки аз шунидани ин хабар нохуш шудам, аммо аз ҷониби дигар як заҳрхандаи гуворое табъамро бардошт (аммо нангамро ҳеч бартараф накард). Агар замини фурўхташуда ё баргардонидашуда моли Хитой асту он мувофиқи кадом як ҳуҷҷати асри 19 (баҳси хитоиҳо ва Русия подшоҳӣ будаст) ба амал баромадааст, пас ман ҳам метавонам, ки аз ин ҳукумату ин праламент замин талаб кунам. Гап дар сари он аст, ки падари бобоям Абдукарим (падари ҳарду бобоям – Давлатшоҳу Рустамшоҳ) замони империяи Русия дар дараи Киштўд ва даштҳои Панҷекат соҳиби заминҳои бисёре будаанд. Бояд гўям, ки то ҳол васиқаҳои (ҳуҷҷати замин, ба забони имрўза шояд сертификат бошад) ин заминҳо бо мўҳри ҳукумати подшоҳӣ мавҷуданд. Ин заминҳоро ҳукумати пойлучони Ленину Сталин гирифтанду ба ўзбекон тақсим карданд. Мувофиқ ба ин хулосабарории комиссияи давлатӣ ман чун меросхўри асосии бобоям (зеро ҳам падар ва ҳам модарам наберагони Абдукарим ҳастанд, ки замоне дар дараи Киштўд «волостной» будаанд) метавонам, ки даъвои ин заминҳоро кунам. Ҳамин тавр нест магар?

2 Responses to Даъвои ману Хитой

  1. Эх, Шухрат! О ин замини додаги ба гуфти додагихо хамаги 3 фоизи даъвои хитой аст. Агар 100 фоиз диханд, мачбур камтар аз Узбакистон замин карз гирифта ба Хитой додан даркор. Замини бобота фаромуш кун. Алхол вакти додан, вакти гирифтан не!
    Дар мачмуъ; алам кардаст хуб!

  2. точикистон кам-кам таксим мешавад додар чунки дигар чизи мефурухтаги намонд ранги Панчруд чи хелеки Садик то хочатхонаи колхозро фурухту зад рафт