Чаро марқади Рўдакӣ обод намешавад?

Оромгоҳи Рўдакӣ дар даврони Шўравӣ

Оромгоҳи Рўдакӣ дар даврони Шўравӣ

22-юми сентябр, ки Рўзи Рўдакӣ аст, ҳар сол дар ин рўз тамоми мардуми тоҷик бояд аз Рўдакӣ, ки саромади шеъри мост, каломи мавзуни тоҷикиро ба таври пурра ба роҳ мондааст, ёд кунанд. Дар ватани Рўдакии бузург, ки ҳазорсолаҳо ба баъд пайравонаш зиёд буданду каломи ўро тақвият додаанд, имрўз на ў қадр дораду на шеъраш. Касе аз насли нав як шеъри Рўдакиро ба пуррагӣ намедонад, чӣ расад ба он, ки раваду дар зери ягона пайкараи вай, ки дар як канори пойтахт ҷойгир аст, гул гузорад. Медонам, ки рўҳи Рўдакӣ ва шеъри Рўдакӣ дигар ба гулгузории мову мобаринҳо эҳтиёҷ надорад, аммо барои риояи расми бузургдошти бузургон, ки чанд даҳсола моро чунин таълим дода буданд, бояд мерафтанду гул мегузоштанд.
Чун марқади Рўдакӣ дар охирин нуқтаи ҷуғрофии Тоҷикистон ҷой гирифтааст, имкони ба он ҷо рафтану зиёрат кардану гул гузоштану шеърхонӣ кардан камтар аст, чуноне пайкарааш дар канораи Душанбе ҷой дорад ва на ҳар кас ҳавсала дорад, ки фурсатеро барои дидани ин макон барои хеш соле як бор ҷудо кунад.
Чун сухан аз Рўдакӣ рафт, мехоҳам аз марқади вай, ки дар Панҷрўд ҷой гирифтааст, чанд сухан гуфта бошам. Ба ҳама маълум аст, ки бунёди оромгоҳи Рўдакӣ ба солҳои 60-уми асри гузашта рост меояд. Чанд даҳсола ҳамон мақбараи шўрависохта, ки ҳеч нишонае аз ёдгориҳои таърихиро надошт, барҷо ва ёд дорам, ки зиёратгоҳи бисёре аз мардумони дунё буд. Чун бобои Рустамшоҳам боғбони ин боғ ва нигоҳубини дахма бар дўшашон буд, ману бародаронам – Аюбхону Мунирхон бештари вақти холиамонро дар ин ҷо мегузарондем. Оромгоҳ ва боғу китобхонаву чойхона гўё ба талаботи давр ҷавобгў буданд, чун касе шикоят надошт ва аксари меҳмонҳо аз дидани он (шояд аз меҳмоннавозии мардуми Панҷрўд) хушҳол мерафтанд. Исботи ин гуфтаҳоро баъдан ҳамдеҳагони мо, ки ба хориҷа сафар карданду бо чашми худ акси бобоямро дар намоишгоҳҳои бузург бо зерматни тавсифӣ дидаанд, ба мо нақл мекарданд ва албатта мо аз бобоямон на камтар аз Рўдакӣ мефахридем.
Сабаби аз боғбонӣ даст кашидани бобоямро аниқ намедонам, аммо гумон мекунам, ки асари пирӣ буд. Ба ҳар ҳол ин боис шуд, мо дигар ба он боғ барнагардем, аммо мани одаткарда баъзан аз Оромгоҳ дидан мекардам ва ҳамин, ки дари китобхонаро боз медидам, ҳатман сар ба он мезадам. Ба ҳамин минвол рўзи ману бобоям мегузашт. Ман аз иқтидори ҳукумати шўравӣ мефахридам ва аммо бобоям баъзан ба ин ифтихори ман бо як ҷумлаи ба ман наонқадар фаҳмомаъно ҷавоб медоданд: «Пояи зулм бақо надорад».
Рўзе расиду ин ҳукумат ба мисли тасбеҳи дасти бобоям, ки бо кашидани абераи аввалинашон Бунёд ба рўи хона пош хўрда буд, аз ҳам рехт. Ва чӣ мегўед, ки хиштҳои девори марқад ҳам рехт, то он даме, ки тоқ фуруд омад. Албатта, ин аз он сабаб буд, ки ҳама дар ғами зиндагӣ буданд ва касеро парвои Оромгоҳ набуд. Чанд сол ба ҳамин минвол давом кард ва мо дигар умеди онро надоштем, ки мақбара чун пештара барқарор мешавад. Аммо як рўз ба ман, ки акнун дар Душанбе кору зиндагӣ мекардам, маълум шуд, ки ҳукумати Эрон аз ҳоли табоҳи Оромгоҳи Рўдакӣ бохабар шудааст ва тасмим дорад, ки онро тармим намояд. Ин тасмим дар замони ҳокимияти Исомиддин Салоҳиддинов (зодаи Панҷрўд) дар ноҳияи Панҷекат ба нақша гирифта шуда буд.
(Давоми мавзўъро, ки қиссаи шуниданист рўзҳои наздик хоҳам навишт).

Comments are closed.