Ватан куҷост?

okhirat

Офтобрўяи Сучоту Уффор, ки Худо кунад ватани охиратамон бошад

Имрўз мо як ҷавонеро ба хок супоридем, ки ҳанўз 24 сол надошт. Ў дар мусофират, дар ғарибӣ реҳлат кард ва маргаш барои ҳамаи мо дарднок буд. Хонаи охираташ пурнур бод…
Раванди муҳоҷиршавии тоҷиконро аслан камбуди майишати зиндагӣ медонанд ва гўё мақсад аз ғарибиро пеша кардан дар пайи ҷустуҷўи рўзӣ шудан будааст. Дар ин бора бисёрҳо гуфтанду шунидаем ва хоҳанд гуфт, то он даме ки сатҳи зиндагии мо дар ватанамон боло наравад.
Ман аз ҳамин ғарибон ҳайратам меояд. Вақте ватан мегўӣ, гунаҳояшон сурх мешавад, чашмонашон барқ мезанад, ҳиссиёти худро баъзан дошта наметавонанду «Оҳ, дар ватан ҷонам» мегўянд, вале боре шикоят намекунанд, ки ҳамин ватану ватандоронаш боис шудаанд, ки онҳо дар ғарибӣ заҳри ҷудоӣ ва ҳиҷрон аз наздикон мекашанд. Шабро шаб намегўянду рўзро рўз, дар гармиву сардӣ заҳмат мекашанд ва касе кафолат дода наметавонад, ки онҳо маҳсули ин заҳмати худро ба серӣ ҳамроҳи аҳли байти худ мебинанд. Ватанро ҳамон ҷое медонанд, ки хуни нофашон рехтааст ва орзуи ягонаашон ин аст, ки рўзе ба ватан баргарданд, албатта, сиҳату саломат ва бо кўлвори пур. Тақдир онҳоро ба куҷое набурда бошад, боз чун сухан аз Сои Новаю Миёнаи Ҳайёт, Уффору Сучот, Қалъаи Кўҳнаву Пирўз, Роҳи Болову Поён, Лаби Дарёву Ҳисорак, Булбулону Ғарғанич, Сўхтаву Парпот, Ковонаю Юра, Мағоку Тўда, Сари Даштиву Таги Шах меравад, дилашон барои ватан об мешавад. Дар чашмонашон ашк медавад ва беихтиёр мегўянд : «Э, дар номи ватан ҷонам». Чаро чунин аст? Чаро касе намеандешад, ки ҳамин ватан онҳоро овора кардааст?
Кам андар кам нафароне ёфт мешаванд, ки ватанро ҳамон ҷое медонанд, ки зиндагиашон хубу хуш ва орому осуда мегузарад.
Ман дар ин сатрҳо аз бародарони ғарибам, ки сахтии зиндагӣ онҳоро овораи кўи бегона кардааст, ёд карданиям. Бародароне, ки ба ҷуз аз бозиҳои кўдаконааашон дигар чизе дар ёдам нест, чун ман онҳоро наздики даҳ сол мешавад, ки ба серӣ надидаам. Онҳоро гоҳ дар хобам мебинам ва баъзан мешавад, ки бо онҳо телефонӣ ҳамсўҳбат мешавам. То ин дам фикр ҳам накарда будам, ки онҳо чӣ азобу машаққатеро барои худу фарзандонашон мекашанд. (Гоҳҳо дар аҷаб мешавам, ки ҳамин бародаронам, ки бо онҳо қиссаи «Самаки айёр»-ро дар саҳни ҳавлии бобоям ба саҳна мегузоштем, акнун дар саҳнаи ҳаёт нақшҳо меофаранд ва фарзанддор шудаанду солхўрда). Зиндагӣ бошитоб гузарон аст…
Кадом ватан кафолат дода метавонад, ки ман онҳоро дубора дар саҳни ҳавлиамон чун актёрҳои нақшофари овони кўдакиамон дидан метавонам? Ҳамин ватане, ки аз мастии даврдоронаш маълум нест, ки аз пайи имрўз фардо меояд, ё на? Ҳамин ватане, ки хуни нофамон дар он рехтаасту хуни охиринамонро барои ободии он дар ғурбат ҳамроҳи арақи танамон резондаем?
Бародарони ман! Агар шумо ин сатҳоро мехонед, бидонед, ки як бародари ҳамхуни шумо ватанро ҳамон ҷое медонад, ки зиндагӣ хубу хушу осуда мегузарад. Дар ин давру замон ҳамаи мо беватанем. Ватан акнун ҳамон офтобрўяи Сучоту Уффор аст. Агар тақдир карда бошаду хонаи охиратамон дар он ҷо бунёд шавад, пас орому осуда хоб хоҳем кард ва соҳибватан хоҳем шуд…

2 Responses to Ватан куҷост?

  1. Холо ин мухочирати мачбури ва ин бесарусомонихову киссапуркунихои сохибватанони имруз баъди чанд солаке он чунон бадбахтихо меорад ки насли меомада моро лаънат мехонад…Ха парво накунед….

  2. Агар он насл аз мо чун аз аҷдоди худ ёд кунад