Аз куҷо афтидан хубтар аст?

Ҳалқаи дор… ё ҳалқаи ёр

Ҳалқаи дор… ё ҳалқаи ёр

Чун фурсат даст додааст мехоҳам ҳамон лаҳзаи қариб мурданамро нависам. Аслан чандин бор то ба мурдан расидааму аммо боз Худо раҳмамро бо чӣ сабабе хўрдааст.
Ҳоло чӣ сабаб шудааст, чӣ зарурате пеш омадааст барои ба ёд овардани ҳамон воқеа? Андешаам сари он буд, ки Худо ба одам ақл додааст, то санҷаду баркашаду пас ба амале даст занад. Худо нагуфтааст, ки ту даст зери каш, ё зонуятро ба оғўш гиру интизори тақдир шин, то чӣ пеш ояд. Агар аз ошёнаи 11 тирезаро кушоиву тақдир гўён, по ба берун ниҳӣ, шояд ба замин нарасида мурӣ. Худо ақл додааст, то мо бинем, ки дар куҷост зинаҳо. Тақдирамонро бо ҳамин роҳ хушҳолона анҷом диҳем, то ба берун саломат расем. Он вақт ёди Худо намекунем. Аммо агар аз тирезаи 11-ум по ба берун ниҳему бо амри Худо дар 10-ум ба ягон чиз дармонем, он гоҳ Худоро ёд мекунем, ба даргоҳаш шукр мекунем.
Овони кўдакиям, тахминан 12-13 сола будам, ки дар боғи ҳавлии бобои Рустамшоҳам себчинӣ мекардам. Себро мечидаму дар сатил ҷамъ мекардам ва бо воситаи ресмон ба поён мефиристодам. Бибии Шарифамоҳамро садо мекардам. Бибиам сатили пурро мегирифтанду ба ҷояш сатили холиро мебастанд. Як лаҳзае шуд, ки бибиамро садо кардам, ҷавоб надоданд. Дар болои дарахт шиштан ба дилам зад. Поён шудаму сатилро холӣ кардам. Бо ҳамон ресмоне, ки дар шохаи дарахт овезон буд, бод гирифтанӣ шудам. Ҷое, ки қарор доштам баландӣ ва аммо як қадам он тараф замин 40-50 см поёнтар буд. Чанд навбат бод гирифтам. Ресмон ба сару гарданам печутоб хўрда буд. Як замон, вақте бод рафтам, дар ҳамон ҷое, ки замин поёнтар буд, дастонам аз банд раҳо хўрд. Ҳалқа ба гарданам дармонд. Пеши чашмонамро сиёҳӣ пахш кард. «Мурдам!» — ҳамин чизро дарк кардам… Дар як лаҳза тамоми ҳаёти кўтоҳам чун навори филме аз пеши чашмам гузашт. Сиёҳусафед буд, вале беовоз. Дар аввалин навор Бобову Бибиам, баъд Падару Модару Бародарону Хоҳарам буданд, ҳамаи онҳо дар назарам даҳшатзада буданд. Дар охири навор ҳамонеро дидам, ки барои ман азиз буд. Вай хандон, бепарво кокулонашро бод дода, ҷониби ман меомад. Не, ман сўи вай мерафтам. Худоё мегуфтам ба худ, чӣ хел вай намефаҳмад, ки ман ҷон меканам, чаро дарк намекунад, ки ин лаҳзаҳои охирини ҳаёти ман ва дидорбинии беовози мост. (Мо то ин дам ҳам бо ҳам беовоз мулоқот мекардем ва ҳеҷ гоҳ ба худу ба касе иқрор нашудаем, ки бо ҳам мулоқотҳо доштем). Хандаи беовозаш ин лаҳза ҷарангосӣ шуданд ва акнун, ки ман бояд бо ў мерасидам, наворҳо канда шуданд…
Чӣ шуду бодхурон ба қафо рафтам ва поям боз ба замин расид, балки ба сатили холӣ бархўрд ва ин садои сатил буд, ки навори охиринро овоздор карда буд. Ҷонҳавл ҳалқаро кушодам ва давидам то пеши бобоям.
— Чӣ шуд ба ту, — гуфтанд бобоям. – Аз дарахт афтидӣ магар, дар рўят ранг нест?
— Не, бобо, қариб аз зиндагӣ меафтидам, — ҷавоб додам ва ҳатто гумон накардам, ки бори аввал дар ҳаётам аз фалсафа истифода кардам.
— Ҳе, дангоса, одам аз зиндагӣ меафтад магар?! – саволи бо хитоб карданду ба рўям чашм давонданд бобоям.
Дигар ҳеч чиз ҷавоб надодам ва то ин дам дигар дар ин бора фикр ҳам накардам. Акнун дарк кардам, ки то аз баъзе ҷой афтидан, аз зиндагӣ афтӣ беҳтар будааст…

Comments are closed.