Ноябрь, 2010 Archive

Тағйири алифбо, ё дарди ҳарина

Гўиё мо дигар мушкилие надорем, ҳама корамон ба сомон расидаст ва акнун бояд сари ҳарф бозсозӣ ва навигарӣ кунем. Ё, баракс, гўиё мо ба чӣ навигарие оғоз карданием ва аввал бояд алифборо иваз кунем, ё тағйироте ба он ворид созем, то ҳеч не навигарие карда бошем. Ана, баъд, дар дигар соҳаҳо ҳам навигарӣ кардан тавонем. […]

Ватан куҷост?

Имрўз мо як ҷавонеро ба хок супоридем, ки ҳанўз 24 сол надошт. Ў дар мусофират, дар ғарибӣ реҳлат кард ва маргаш барои ҳамаи мо дарднок буд. Хонаи охираташ пурнур бод… Раванди муҳоҷиршавии тоҷиконро аслан камбуди майишати зиндагӣ медонанд ва гўё мақсад аз ғарибиро пеша кардан дар пайи ҷустуҷўи рўзӣ шудан будааст. Дар ин бора бисёрҳо […]

Аз куҷо афтидан хубтар аст?

Чун фурсат даст додааст мехоҳам ҳамон лаҳзаи қариб мурданамро нависам. Аслан чандин бор то ба мурдан расидааму аммо боз Худо раҳмамро бо чӣ сабабе хўрдааст. Ҳоло чӣ сабаб шудааст, чӣ зарурате пеш омадааст барои ба ёд овардани ҳамон воқеа? Андешаам сари он буд, ки Худо ба одам ақл додааст, то санҷаду баркашаду пас ба амале […]