Вазъи нақлиёти пойтахт дар ин чанд рўзи охир, ки донишҷўён ба мактабҳо баргаштанд, хеле бад шудааст. Дирўз ба Тангеме нишастам. Баъди фурсате ронанда сари мошинро ба қафо тоб дод ва аз байни кўчаву паскўчаҳо гузашта, ба қавли худаш «коркунони литсензияро гўл зад». Баъди поён шудан аз мошин ба хотирам як навиштаам омад, ки тахминан 4 моҳ пештар иншо ва дар «Боргоҳи сухан» нашр шуда буд. Зарур донистам, ки онро пешниҳоди шумо хонандагон гардонам. Агар писанд омад, хушам.